Мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2023" бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт

Мусобиқаи байналмилалии ҷудоTbilisi Grand Slam 2023”, ки рӯзҳои 24-26-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - баргузор шуд, дар ҳисоби умумии медалҳо бо пирӯзии паҳлавонони гурҷӣ ба поён расид.

Паҳлавонони гурҷӣ бо касби шаш медал (3 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ғолиб шуданд. Варзишгарони Сербия бо касби се медал (2 тило ва 1 нуқра) ҷойи дуюмро гирифтанд. Гуштигирони Муғулистон бо касби чаҳор медал (1 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон як медали тило, як нуқра ва як биринҷӣ, Қирғизистон як медали тило, Қазоқистон як медали нуқра ва 2 биринҷӣ, Туркманистон як ҷойи ҳафтумро гирифтанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2023” бо иштироки 419 варзишгар (221 мард ва 198 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи ҷаҳон доир гардид. Вале варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ иштирок накарданд.

Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг, -70 кг, -78 кг, +78 кг миёни занон ва дар вазнҳои -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон сурат гирифт.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.

Соли гузашта дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022” Тоҷикистонро 9 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ кард, вале ягон нафари онҳо натавонист медал бигирад. Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Шодмон Ризоев (-81 кг)- натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Зимнан, “Tbilisi Grand Slam 2023” панҷумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон буд.

Ёдовар мешавем, дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" – «Grand Prix Portugal 2023», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Дар ду мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – “Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал) ва “Tel Aviv Grand Slam 2023” (16-18-уми феврал) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.

Ахиран паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2023” (3-5-уми март) ду медал (як нишони тило ва як биринҷӣ) ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тило гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Antalya Grand Slam 2023”, ки аз 31-уми март то 2-юми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир мегардад, иштирок хоҳанд кард:

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода

-81 кг – Шодмон Ризоев

-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов