Табиби тоҷики муқими Канада барои кумак ба муҳоҷирон соҳиби ҷоизаи шаҳрдории Торонто шуд.
Дар маросиме, ки рӯзи 19-уми март дар шаҳри Торонтои Канада барпо гардид, табиби тоҷик Шаҳло Шарифова барои кори бомуваффақияти созмони ёрирасонаш ба оилаҳое, ки дорои бемории аутизм ё дархудмондагӣ мебошанд, бо ҷоизаи солонаи ба номи “Агнес Макфил” қадрдонӣ шуд.
Ҷоизае, ки ба номи аввалин сиёсатмадори зан ва узви порлумони Канада таъсис шудааст, кори панҷсолаи созмони Шарифова бо номи “Шабакаи кӯмак ба аутистони Торнклиф Парк” (исми маҳаллае дар Торонто)-ро қадрдонӣ намуд. Ин созмон ҳоло бо 70 хонаводаи муҳоҷирони конодоӣ, аз ҷумла, ҷомеаи мусалмонон дар кумак ва дифоъ аз ҳуқуқи гирифторони аутизм кор мекунад. Ӯро бештар бо номи “Доктор Шаҳло” мешиносанд.
Шаҳло Шарифова, модари чор фарзанд то соли 2009 дар Душанбе чун табиби чашм кор ва дар барномаҳои созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ҳам ба ҳайси ихтиёрӣ ширкат мекард. Дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Торонто ӯ гуфт, азбаски як писараш дучори аутизм ё дархудмондагӣ буд, бо хонаводааш ба Канада кӯчид, то барои тарбияи писараш ёрӣ шавад. Писараш ҳоло 21 сол дорад. Ҳоло, бо гузашти 14 сол аз тарки Тоҷикистон, ӯ дар баробари писараш ба даҳҳо дигар хонаводаҳое, ки фарзандонашон аутизм доранд, ёрӣ мерасонад.
Суҳбати видеоӣ бо Шаҳло Шарифоваро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ мегӯяд, бисёр нафароне, ки бо онҳо кор мекунанд, мисли ӯ муҳоҷир ҳастанд ва бо сабабҳои мухталиф наметавонанд ба узви оилаи дучори дархудмондагиашон ёрии зарурӣ расонанд ва ҳам ба худашон дар раҳоӣ аз ноумедиву афсурдагии шадид кӯмак кунанд. Ӯ мегӯяд, як бартарии кори созмони ҷамъиятиаш дар Канада дар ин аст, ки ҳукумат ва ҳама дигар сохторҳое, ки ба онҳо барои ёрӣ муроҷиат мекунанд, бидуни мушкил ҳама дархостҳои онҳоро иҷро мекунанд. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, назар ба Канада дар Тоҷикистон волидони фарзандони аутист бештар фаъоланд ва мехоҳанд бо заҳмати худ ба фарзандашон ёрӣ расонанд. “Онҳо ба умеди ҳукумат нестанд”,-- гуфт ӯ.
Шаҳло Шарифова мегӯяд, кори ӯ, ки шаҳрвандии Канадаро дорад, на танҳо барои дастгирии сокинони маҳаллӣ, балки барои ёрӣ ба Тоҷикистон ҳам равона шудааст. Ӯ мегӯяд, “ватандӯстӣ ин нест, ки барои ватан бимирӣ, балки зиндагӣ барои ватан ин ватандӯстӣ аст”. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бисёр муҳоҷирон ин ҷо дар фикри ин ҳастанд, ки “ман ҳамаро партофта рафтам, шояд бисёриҳо маро бад бинанд, ки аз давлати худ гурехта рафту дар ҷои нағз зиндагӣ мекунад”... Бо ин ки мо ин ҷо зиндагӣ мекунем, мо ба Тоҷикистон бо проектҳои худ ёрдам мекунем. Фандрейзинг (ҷамъоварии хайрия барои иҷрои тарҳе) мекунам. Ягон инноватсия (навгонӣ) бошад, ман ба Тоҷикистон фиристода “дар Канада ин хел гапи нав шудааст, шояд ба шумо ҳам лозим шавад”, мегӯям. Ҳамин хел мо ба давлати худ ёрдам мекунем, боз одамон хаёл накунанд, ки онҳо дигар тоҷик нестанд. Ҳар ҷое, ки мегӯянд: “Шаҳло Шарифова аз Тоҷикистон омадааст”, пеши ман омада мепурсанд, ки ин чӣ кишвар аст? Бисёриҳо Тоҷикистонро аз рӯи кори мо мешиносанд.”
Торонто, яке аз шаҳрҳои муҳиму серҷамъияти Канада аст, ки дар он муҳоҷирони зиёд, аз ҷумла, садҳо тоҷикистониҳо ҳам ба сар мебаранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Табибон мефаҳманд, волидон наметарсанд." Ҷоизаи ҳомии дархудмондагон дар Тоҷикистон. ВИДЕО"Модароне, ки чунин фарзанд доранд, гуё шабу рӯз дар ҷанганд." ВИДЕОАфроди дархудмонда то кай дар дунёи худ чарханд? ВИДЕОКӯдакони "офтобӣ" дар ҷомеаи дархудмондаЛола Насриддинова - барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башар дар соли 2017. ВИДЕО