Воҳима, беэҳтиётӣ... Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон чиро нишон дод? ВИДЕО

Як гӯшаи Душанбе. Ҳангоми зилзила

Воҳима, беэҳтиётӣ, рафтори нодуруст. Заминҷунбиҳои шадиди охир дар Тоҷикистон нишон дод, ки аксар мардум ба зилзила омода нестанд. Сокинони баландошёнаҳо ба таҳлука афтоданд ва аз хонаҳо берун рехтанд, аммо дур нарафта, зери биноҳо ҷамъ шуданд. Мақомот мегӯянд, ба якуним миллион нафар қоидаҳои бехатариро омӯзонданд. Сокинон мегӯянд, хабар надоранд.

"Дар даромадгоҳи бино истодем"

Шаҳло Иномиддинова, сокини шаҳри Душанбе, аз онҳоест, ки дар заминҷунбии шаби 21-уми март аз тарси зиёд хонаашро тарк кард ва ба берун баромад. “Дар ошёнаи якум зиндагӣ мекунем. Ҳангоми заминларза баромадем ва дар даромадгоҳи бино истодем. Ҳама баромада буд,” – нақл кард ӯ рӯзи 24-уми март.

Мутахассисон инро хато ва хатари ногузир ба ҷони сокинон меноманд. Ба гуфтаи онҳо, мардум бояд ҳамеша ба сар задани ин офати табиӣ омода бошанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар вақти зилзила куҷо пинҳон шавем?

Шуҳрат Эмомов, намоядаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, гуфт, огоҳии сокинон аз қоидаҳои бехатарӣ ва иҷрои он боис ба пешгирӣ аз талафот хоҳад шуд.

“Қабл аз заминларза бояд аз нигоҳи равонӣ қавӣ буд. Дар вақти заминларза набояд ба таҳлука афтод. Ҳамчунин дар хона барои ҳар як нафар 5-6 литр об захира дошт. Захираи нони хушк, хӯрокҳои консервашуда, фонарик ва батареяҳои қобили истифода низ,” – афзуд ӯ.

Вай талоши берун рафтанро аз биноҳои баландошёна ва истифодаи лифтро дар ин маврид қатъиян мамнуъ донист. Дар пайи заминҷунбӣ эҳтимоли қатъи нерӯи барқ ва корношоям шудани лифт вуҷуд доштааст.

Ба қавли Шуҳрат Эмомов, сокинон беҳтар аст дар манзили худ бимонанд: “Бояд нигоҳ кард, ки ба куҷо рафтан зарур аст, махсусан ба ҷойҳои амнтари хона, кунҷи хона, зери болодарӣ. Дар ҳеч ҳолат набояд ҳангоми заминҷунбӣ давида бо зинапояҳо берун шуд. Зеро имкони афтодани пораҳои шикастаи хона ба сари инсон ҳаст.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳангоми заминларза чӣ бояд кард?

"Фурсати баромадан нашуд"

Тавсия дода мешавад, ки сокинон дари ҷевони хонаи худро кушода нагузоранд, ашёи шикананда ва вазнинро аз болои ҷевон ё равоқи хона бигиранд ва онҳоро тавре ҷо ба ҷо кунанд, ки ҳангоми заминҷунбӣ, агар афтанд ҳам, ба касе осеб нарасад.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати тахриб шудани бино аз зилзилаи шадид истифодаи гӯгирд ва оташфурӯзонҳо мамнуъ аст, зеро бо паҳн шудани газ он метавонад боиси сар задани таркиш шавад.

Ба омӯзгорону хонандагони мактабҳо низ тавсия дода намешавад, ки ҳангоми зилзила синфхонаро тарк кунанд. Онҳо бояд зери мизҳо пинҳон шаванд. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки волидону омӯзгорон ба фарзандону шогирдон дар бораӣ чӣ будани заминҷунбӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ гап зананд.

Пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки афроде ҳам ҳастанд, ки аз чунин қоидаҳо огаҳанд ва дар зилзилаҳо онро таҷриба кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Талошҳо барои пешгӯии заминларзаҳо

Яке аз онҳо гуфт, “дар баландошёна зиндагӣ мекунем. Ҳангоми заминҷунбӣ дар ҷойи амнтари хона, ба мисли зери дар, мемонем. Агар давида бо зинапоя берун шуданӣ шавем, ба фикрам, якум ҳамин зинапоя мешиканад.”

Мусоҳиби дигари мо афзуд, “дар ошёнаи нуҳум будам ва фурсати баромадан нашуд. Назди тиреза рафтам, медидам, ки бисёриҳо аз бино берун мегурехтанд, дар таҳлука, дар ҳолати шок буданд.”

Ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар соли 2022 кормандони ин ниҳод дар миёни 1,5 миллион нафар қоидаҳои бехатариро ҳангоми зилзила фаҳмонидаанд. Вале бархе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сар задани ҳодисаҳое ба мисли заминҷунбӣ маълумоти кофӣ надоранд ва чизе, ки медонанд аз бузугтарҳо шунидаанд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези ҷаҳон ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз иншоот вайрон мешавад. Дар пайи заминҷунбиҳои шадиди ахир дар кишвар талафоти ҷонӣ сабт нашуда, вале хисороти молӣ ҷой доштааст.