Шаҳрвандии Русия муҳоҷиронро ба ҷанг "мебарад"?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо вуҷуди хатари сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина, муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистону Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ кӯшиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳо шиносномаи русиро як роҳи осони кору зиндагӣ ва халосӣ аз чанги пулис медонанд.