Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Даммоми Арабистони Саудӣ аввалин бозии санҷишӣ анҷом дод.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии санҷишии футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад бин Фаҳд доир гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба поён расид. Голҳоро Шаҳбон Наимов ва Абубакр Сулаймонов заданд. Вале дар нимаи дуюми дидор мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-17) ҳисобро баробар кард.
Ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимию тамринии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Даммом то рӯзи 30-юми март идома меёбад. Ин ҷамъомад яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад.
Ба ин ҷамъомад сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тавассути қуръакашӣ, ки 30-юми март дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир мегардад, маълум хоҳанд шуд.
Баъди натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон дар Тайланд чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон- 2023 дар Перу мешавад.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ:
дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Муҳаммад Абдулҳадов, Абубакр Маҳмудов;
ҳимоятгарон: Баракатулло Неъматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода, Диловар Ҷамшедзода, Рустам Камолов, Амири Фарҳод;
нимҳимоятгарон: Абубакр Саидов, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтовар Ғаюров, Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абдусатторӣ, Муҳаммад Қурбонов, Ҷовидон Хушвахтов, Миқдод Розиқов, Хоҷӣ Абдуманон, Шаҳбон Наимов, Муродҷон Ҷалилзода, Шерзод Қаҳҳоров;
ҳамлагарон: Ориёнмеҳри Нуриддин, Билол Бобоев, Раббонӣ Камолов, Масрур Ғаюров, Юнус Исматуллоев.
Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов