Оё таъсиси "Шурои адабиёти тоҷик" дар Иттиҳоди нависандагони Узбекистон метавонад, барои рушди фарҳангу адаби тоҷикон дар кишвари ҳамсоя мусоидат кунад?
Шӯро тақрибан якуним моҳ пеш таъсис ёфт ва онро аломати дигаре аз боз шудани фазои 25 сол маҳдуди фарҳангиву илмии забони тоҷикӣ дар Узбекистон медонанд. Бархе мегӯянд, иқдом баёнгари воқеияти ҳол нест ва бештар "зоҳирпарастӣ" буда, барои вонамуд кардани эҳтиром ба фарҳанги миллатҳои дигар дар Узбекистон амалӣ мешаванд. Оё ин иқдом дар воқеъ барои рушди забони тоҷикӣ дар кишвари ҳамсоя аст?
Мавзӯи "Гапи озод" дар ҳамин бора аст. Меҳмонон: Амина Шарофиддинова, муҳаққиқи риштаи таълиму парвариш аз Самарқанд ва Абдуқодири Рустам, нависанда ва узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон.
Иқтибосҳое аз барнома
Амина Шарофиддинова: "Худам ба Вазорати маорифи Тоҷикистон рафтам. Як бор не, чандин маротиба. Бо нафароне дар онҷо суҳбат оростам. Ҳатто бо вазири пешина, рафиқи муҳтарам Имомӣ суҳбат доштам. Як сол қабл аз он бо ҷонишинаш суҳбат доштам. Дард як буд, кадом? Дар мактабҳои миёнаи мо китобҳои дарсиро Узбекистон аз рӯи меъёрҳои давлатии таълими Узбекистон таъйин мекунад, аз берун ягон китоби дарсиро қабул намекунад.
Инро хуб мефаҳмем, ин сиёсат аст, меъёрҳои давлатии таълимӣ аст, аммо мо соатҳои хониши берун аз синфӣ дорем, ки барои онҳо ҳатто китоб надорем. Мо ба Вазорати маорифи Тоҷикистон муроҷиат кардем. Чӣ гуфтем? Ҳамин китобҳои бадеӣ, услубиро ақаллан ба мо диҳед, мо бо пули худамон мехарем.
Мо ба вазорати маорифи Тоҷикистон муроҷиат кардем ва гуфтем, ки шумо ақаллан варианти электронии китобҳои дарсиро барои мактабҳои олӣ ба мо диҳед, илтимос, ё як нусхагӣ. Қариб се сол мешавад, ваъда медиҳанд, вале ба иҷро намерасад."
Абдуқодири Рустам: "Натиҷааш ин аст, ки мардуми тоҷике, ки имрӯз дар Узбекистон ба сар мебаранд, баъд аз 50 сол билкул аз байн мераванд... Вақте ки масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон чунин муносибат доранд, ба масоили миллӣ ва фарҳангӣ, натиҷааш маълум аст. Мутаассифам, хеле мутаассифам, вале бубинед, як нуктаи дигар аст, Аминабону ҳам ба он ишора карданд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Вазорати маорифи Узбекистон ва ё баръакс дар риштаи улуми инсонӣ наметавонад, китоби дарсӣ бидиҳад, чун стандартҳо ва беш аз он ҳам идеологияи миллӣ комилан фарқ мекунад. Он чизе, ки мо дар таърих меомӯзем, дар Узбекистон ба таври вожгуна омӯхта мешавад. Ончӣ ки мо дар адабиётамон дорем, дар Узбекистон ба гунаи таҳрифшуда омӯхта мешавад.
Бинобар ҳамин, табиист, ки онҳо китобҳои дарсиеро, ки дар Тоҷикистон чоп мешаванд, қабул надоранд ва ҳамчунин ман бар онам, ки китобҳои дарсии узбекие, ки дар Узбекистон чоп мешавад, ба дарди мактабҳои Тоҷикистон намехӯранд. Аммо дар риштаи улуми дақиқ ва илмҳои табиӣ, масалан, ду вазорат метавонанд, байни ҳам қарордод ба имзо бирасонанд ва дар ин замина китобҳоро ба ҳамдигар бифиристанд."
Барномаро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад