Дар таътили Наврӯз чӣ кор мекунед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Имсол сокинони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯз 8 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Федератсияи иттифоқҳои касаба мегӯяд, ҳафтаи нави корӣ аз 27-уми март шурӯъ хоҳад шуд. Ҳамкори мо Нигораи Фазлиддин дар хиёбонҳои Душанбе аз шаҳрвандон пурсид, ки рӯзҳои истироҳатии худро чӣ гуна мегузаронанд.