Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз

Дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти идонаи варзишӣ доир мегардад.

Рӯзҳои 18-19-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи байналмилалии «Гуштингирӣ» барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз-2023 баргузор мешавад.

Барои гузаронидани ин чорабинӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ як миллиону 196 000 сомонӣ ихтисос дода шудааст. Ғолибони мутлақи мусобиқа бо Ҷоми Наврӯз-2023 ва шоҳҷоиза - мошинҳои сабукрав - мукофотонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.

Чунончи, рӯзи 21-уми март ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мешаванд, аз он ҷумла дар деҳаи Юлдош Ашӯрови Ҷамоати деҳоти Қаратоғ мусобиқоти аспдавонӣ ва гуштии миллӣ сурат мегирад.

Инчунин мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – слалом опен» аз 20-ум то 24-уми март дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб доир мегардад.

Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ гуштигирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ ва ғайра шомиланд.

Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист. Ҳамасола дар Тоҷикистон 22-юми март ҳамчун Рӯзи гуштигирон таҷлил карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллӣ – «Гуштингирӣ» мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Бояд гуфт, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, инчунин баргузории мусобиқоти идона аз рӯи намудҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмоту шашка ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.