Артиши Амрико эълон кард, ки як ҳавопаймои ҷангии "SU-27"-и нерӯҳои ҳавоии Русия бо як бесарнишини амрикоӣ бархӯрд кард ва ин боиси сарнагунии паҳбоди амрикоӣ дар обҳои Баҳри Сиёҳ шуд. Ба иттилои артиши Амрико, ҳавопаймои бесарнишини "MQ-9 Reaper"-и ин кишвар ҳангоми парвози иктишофӣ, сарнагун шудааст.
Артиши Амрико рӯзи сешанбеи 14-уми март дар баёнияе гуфт, ду ҳавопаймои ҷангии "Су-27" дар амалиёти раҳгирии паҳбоди амрикоӣ ширкат доштанд ва яке аз онҳо дар соати ҳафти субҳ ба вақти маҳалии Аврупо, бо ин паҳбод бархӯрд кард. Ин баёния меафзояд, ки ҳавопаймои ҷангии Русия қабл аз ин бархӯрд, ба рӯи ҳавопаймои амрикоӣ маводи сӯхт пошид ва ба шеваи ноамне пеши он моневр анҷом медод.
Генерал Ҷеймз Ҳекер, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар минтақа гуфт, "паҳбоди модели "MQ-9"-и мо дар ҳоли анҷоми амалиёти оддӣ дар болои обҳои байналмилалӣ буд. Ин паҳбод аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ раҳгирӣ шуд ва бо яке аз онҳо бархӯрд кард ва дар натиҷа сарнагун шуд. Дар ҳақиқат ин иқдоми ғайрикасбии халабонҳои рус наздик буд боиси сарнагунии ҳар ду ҳавопаймо шавад".
Вазорати дифои Русия гуфт, ки паҳбод баъд аз "чархиши ногаҳонӣ" суқут кард ва инкор намуд, ки ҳавопаймоҳояш мустақиман бо он бархӯрд кардаанд. Вазорати дифои Русия дар идома гуфтааст, ки паҳбоди ёдшуда дар наздикии нимҷазираи Қрим раҳгирӣ шуд. Маскав ин минтақаро дар соли 2014 аз Украина ҷудо ва ба хоки Русия ҳамроҳ кард.
Артиши Амрико мегӯяд, ин ҳодиса як мавриди дигар аз такрори рафторҳои хатарноки халабонҳои Русия аст, ки дар нуқтаҳои мухталиф, аз ҷумла осмони Баҳри Сиёҳ дар бисёре аз ҳолатҳо бо масофаи бисёр наздике аз ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва муттаҳидони он кишвар, парвоз мекунанд.
Баҳри Сиёҳ ва осмони он, ки байни Русия, Украина, Туркия ва Руминия воқеъ аст, аз замони ҳамлаи низомии Маскав ба Украина ба минтақаи хатарноке табдил шудааст.
Чанд соат пас аз ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки сафири Русия дар Вашингтонро даъват хоҳад кард, то эътирози сахти ин кишварро ба вай расонад.
CNN ба нақл аз Анатолий Антонов, сафири Русия дар Вашингтон навишт, ки Русия хостори рӯёрӯӣ бо Амрико нест. Вай дар идома суол кардааст, ки "мавқифи Амрико чӣ гуна хоҳад буд, агар паҳбодҳои русӣ ба Вашингтон ё Сан-Франсиско наздик шаванд, ба вижа дар ҳоле, ки Русия дар бораи маҳале, ки ҳодиса рух додааст, огоҳ карда буд, ки он минтақаи амалиёти вижаи аскарӣ аст ва аз ворид шудан ба он ҳушдор дода буд".
Сафири Русия ишора кардааст, ки бо ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико Карен Донфренд мулоқот кардааст ва Вашингтон нигарониҳои Амрикоро ба Маскав расондааст.