"Ноне барои хӯрдан надорем"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Мариуполи ишғолшуда аз сӯйи Русия шикоят доранд, ки онҳоро фиреб додаву ҳаққи корашонро намедиҳанд. Ин муҳоҷирон, ки бархе моҳи октябру гурӯҳи дигар моҳи декабр бо ваъдаи пули хуб барои бозсозии ин шаҳр бурда шуданд, мегӯянд, ҳоло пуле надоранд, ки ба хона баргарданд.