Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 9-ум то 21-уми июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Вале макони баргузории мусобиқот ҳанӯз муайян нашудааст.
Шаш созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкати худро дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2023 байни дастаҳои мунтахаби миллӣ тасдиқ карданд.
Дар ин мусобиқот тими миллии Русия низ иштирок хоҳад кард. Ҳамчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиёро барои ширкат дар мусобиқоти ҷадид даъват менамояд.
Тибқи нақша пас аз натоиҷи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад, ки дар он бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегарданд.
Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал рӯбарӯ мешаванд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюми мусобиқот мубориза мебаранд.
Ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2023 барои тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.