Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев, ки дар шаҳри Бурирами Тайланд дар ҳарсе бозиаш дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд.
Духтарони футболбози тоҷик дар бозии аввал 8-уми март аз тими Тайбейи Чин бо ҳисоби 0:14, дар бозии дуюм 10-уми март аз дастаи мизбон - Тайланд - бо ҳисоби 0:5 ва дар бозии сеюм 12-уми март аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуданд.
Бояд гуфт, дастаи Узбекистон, ки ба ҳайси мизбон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ширкат меварзад, дар гурӯҳи «Е» бидуни озмун иштирок кард. Бинобар ин, имтиёзҳои бозиҳои дӯстонаи дастаҳо бо мунтахаби Узбекистон ба инобат гирифта нашуд.
Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «Е» мунтахаби Тайбейи Чин бо касби шаш имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба марҳилаи дуюми мусобиқот роҳ ёфт. Мунтахаби Тайланд бо касби се имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард. Дастаи Тоҷикистон, ки бидуни имтиёз ҷойи охиринро гирифт, аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бенасиб монд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои занона (U-20)
Марҳилаи аввал. Гурӯҳи «Е»
Даври 1-ум
8-уми март (чоршанбе)
Тайбейи Чин – Тоҷикистон – 14:0
Тайланд – Узбекистон – 2:0 (бозии дӯстона)
Даври 2-юм
10-уми март (ҷумъа)
Тоҷикистон – Тайланд- 0:5
Узбекистон – Тайбейи Чин – 0:3 (бозии дӯстона)
Даври 3-юм
12-уми март (якшанбе)
Тоҷикистон – Узбекистон – 0:4 (бозии дӯстона)
Тайланд – Тайбейи Чин – 0:3
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «Е»
Ҷ |
ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И |
1 |
Тайбэйи Чин |
2 |
2 |
0 |
0 |
17-0 |
6 |
2 |
Тайланд |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-3 |
3 |
3 |
Тоҷикистон |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-19 |
0 |