Аҳволи Ню-Йорк дар Донбасси Украина бад шудааст. ВИДЕО

Шаҳри Ню Йорк дар Украина

Сокинони Ню Йорк, як шаҳре дар Донбаси Украина, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия хароб шудааст, зиндагии сахте доранд. Ин шаҳр пештар Новогород ном дошт, вале ду сол пеш сокинон барои ҷалби таваҷҷӯҳ ва дарёфти кӯмак аз Ғарб онро Ню-Йорк ном гузоштанд.

Бо ивази ном ҳам ин шаҳр натавонист мисли шаҳри ҳамноми худ дар Амрико пешрафт кунад. Сармояи иловагӣ ва сайёҳон ба Ню Йорки Донбас наомаданд ва ҷанги идомадор дар он сокинонашро ноумеду сарсон кардааст. Ҳоло чанд сокини боқимондаи Ню Йорк гузаштаи даврони шӯравии худро бо муҳаббат ёд мекунанд.

Аз болои Шаҳри Ню Йорк воқеъ дар шарқи Украина пайваста мушакҳо парвоз мекунанд. Ню Йорк дар қалби Донбасс ҷойгир аст ва ду сол пеш номаш Новогород буд.

Тобистони соли 2021 ҳама чӣ тағйир кард, замоне ки сокинони Новогород барои ҷалби кӯмак ва пул аз Ғарб номи шаҳрро, ки пеш аз Шӯравӣ гузошта шуда буд, ба Ню -Йорк иваз намуданд.

Инна Николаевна, сокини Ню-Йорк аз он рӯзҳо ёд оварда мегӯяд: “Он вақт мо дар бораи сармоягузорӣ ва омадани сайёҳон ба ин ҷо фикр мекардем, аммо чизе тағйир накард, ҷуз он ки ҷанг сар шуд. Осорхонаро сохта, таъмир карданд, вале он ҳоло хароб аст. Сайёҳон ҳам наомаданд. Ню Йорк ба мо комилан чизе надод."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аҳволи Ню Йорк дар Донбасси Украина бад шудааст

Николаевна яке аз онҳоест, ки бо вуҷуди ҷангу ҷуш дар Нью-Йорк монд. Мисли ӯ дар ин ҷо ҳоло 2000 нафар мондаанд. Замони Шӯравӣ Ню Йорк, як шаҳри маъмулии саноатӣ буд, ки дар он корхонаи зудрушдёбандаи кимиёвӣ фаъол буданд. Аммо пас аз суқути Шӯравӣ кор печидатар шуд. Ҷанги Русия дар Украина, яке аз фоҷиаҳои зиёде аст, ки дар ин даҳсолаҳои охир сокинони ин шаҳр шоҳид ва то ҷое ноумед шудаанд.

"Умедвориҳои мо, ки чизе ба сӯйи беҳтар тағйир мекунад, 30 сол пеш аз байн рафт. Тақрибан 30 сол пеш умед барбод рафт. Ва росташро гӯям, ин ном барои мо аҳмият надорад." – гуфт, Юрий, яке аз дигар сокинони Ню Йорки Донбас.

Ӯ бо се фарзанд ва ҳамсараш Галина дар анбори картошка зиндагӣ мекунад. Ду моҳ пеш дар ҳавлии онҳо бомба афтод ва дару тирезаву қисме аз боми хонаашонро вайрон кард. Онҳо маҷбур шуданд ба анбор бикӯчанд.

Баръакси шавҳараш, Галина умедвор буд, ки тағйири ном сарнавишти сокинони шаҳрро дигар мекунад. "Агар сулҳу оромӣ, мебуд шояд чизе иваз мешуд. Аммо ҳол кӣ дар ин бора фикр мекунад.” – мегӯяд, Галина.

Ба гуфтаи вай бомбҳо, як ҷузъе аз зиндагии онҳо шудаву сокинони Ню-Йорки Украина хоб надоранд. Инна Николаевнаи 55 сола, ки аз таркиш дар канори дигари шаҳр як қад парид ҳоло кӯшиш мекунад, бо дору аз азоби бехобӣ халос шавад. "Гарчанде ки доруи хоб мехӯред, аммо вақте шабонгаҳ тирпарронӣ шурӯъ мешавад, чизе дигар кӯмак намекунад.”- афзуд ӯ.

Николаева бо ҳавас аз замоне ёд меорад, ки байни Русия ва Украина танҳо як хатти расмии марз буду халос. Мисли бисёре аз сокинони Ню-Йорки Донетск, вай мехоҳад ба замони шӯравӣ баргардад. Ба гуфтаи ӯ номи шаҳр ҳеҷ гоҳ барояш муҳим набуд.