"Илтимос, ғам надиҳед, мех намефурӯшем"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинони Тоҷикистон мисли қабл ба осонӣ наметавонанд меху дигар масолеҳи сохтмонӣ бихаранд. Дар баъзе аз мағозаҳо мехро бидуни шиноснома намефурӯшанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд, аммо баъзе фурӯшандаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати бидуни шиноснома фурӯхтани мех ҷазо хоҳанд гирифт. Чаро?