Модараш гуфт, Хуршед Фозиловро маъмурони амниятӣ дастгир кардаанд

Хуршед Фозилов. Акс аз Фейсбук

Пайвандони рӯзноманигор Хуршед Фозилов гуфтанд, ӯро маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов, рӯзи 8-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "як лаҳза нишон доданд, рӯяшро дидам, вале имкони гапзанӣ надоданд."

Модараш мегӯяд, Хуршед Фозиловро рӯзи 7-уми март дид ва интизор дошт, ки пас аз пурсиш раҳо мешавад, "аммо ҳанӯз дар боздошт аст".

Иттиҳоми зидди ӯ маълум нест. Мақомот ба таври расмӣ дар бораи боздошти ӯ ва сабабҳояш чизе нагуфтанд. Хабарнигори тоҷик то ҳол вакили мудофеъ надорад.

"Намедонам, барои чӣ писарамро бурдаанд. Чӣ кор кардааст, гап намезананд. Дирӯз телефону компютерашро бурданд. Имрӯз додараш рафта буд. Гуфтаанд, либосу чизҳои дигари зарурияшро барем," – гуфт модари Хуршед Фозилов.

Хуршед Фозиловро рӯзи 6-уми март дар Идораи кору муҳоҷирати шаҳри Панҷакент дастгир кардаанд. Ҷое, ки то моҳи январи имсол бар асоси қарордод кор мекард.

Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи кор ва муҳоҷирати Панҷакент ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, "чаҳор нафар субҳи 7-уми март компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд.”

Фозилов бештар бо расонаҳои мустақили маҳаллӣ ҳамкорӣ дошт ва дар мавзуъҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкилоти мардум ва камбуди мақомот дар Панҷакент, менавишт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд.

Чанд сол пеш дар як барномаи телевизиони давлатии Тоҷикистон ӯро аз ҳамкорони сомонаи мустақили "Ахбор" номбар карда буданд.

Хуршед Фозилов 37-сола ва соҳиби се фарзанд аст.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои байнулмилалӣ ҳукуматро ба фишори афзоянда ба хабарнигорон танқид карданд. Мақомот мегӯянд, хабарнигорон ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ айбдор шуданд.