Ду созмони байнулмилалӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои бастани як Маркази ҳомии ҳуқуқ сахт танқид карда, хостаанд, қарорро беэътибор кунанд.
Анҷумани ҳамкории байнулмилал барои ҳуқуқи инсон ва созмони байнулмилалии зидди шиканҷа рӯзи 7-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, бастани Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон як зарбаи дигаре ба ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар баёния омадааст, далелҳои додгоҳ барои қатъи фаъолияти созмон беасос аст ва маркази мазкурро танҳо барои ҳимояташон аз ҳуқуқи инсон ва афроди муҳтоҷ ба кумак бастаанд.
Ҳарду созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, манъи кори марказ мухолифи аҳдҳои байнулмилалии кишвар аст ва ҳукумат бояд бигузорад, ки ҳомиёни ҳуқуқ бемамониат кори муҳимашонро идома бидиҳанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми январ бар асоси шикояти Вазорати адлия амр дод, ки фаъолияти Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қатъ карда шавад.
Ба гуфтаи мақомот, созмон саривақт ҳисоботи молиашро ба мақомот насупурдааст. Созмони мазкур, ки аз соли 2010 кор мекард, яке аз созмонҳои ангуштшумори фаъоли ҳуқуқи инсон буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Тоҷикистон созмонеро бастанд, ки дараш ба рӯйи корафтодаҳо боз буд. ВИДЕО