Як фармондеҳи украинӣ ҷангро дар Бахмут “дӯзах” номид. ВИДЕО

Бахмут, Украина, 5-уми марти 2023

Нерӯҳои Украина барои ҳимоят аз Бахмут ҷангро идома медиҳанд. Русия шумори сарбозонашро бештар карда, талош дорад, шаҳрро дар муҳосира бигирад. Вашингтон мегӯяд, агар Русия ин шаҳри шарқии Украинаро ишғол кунад, ба маънии пешрафти Маскав дар ҷанг нахоҳад буд.

Мақомоти Украина рӯзи 6-уми март эълон карданд, ки барои озодии Бахмут аз нерӯҳои Русия ҷанги сахт идома дорад. Ин шаҳри воқеъ дар шарқи Украина мавриди ҳамлаҳои беисти Русия қарор гирифтааст.

Натиҷаи даргирӣ дар Бахмут барои ҳарду ҷониб дар ин ҷанги яксола ҳалкунанда арзёбӣ мешавад.

Дар ҳоле ки нерӯҳои Русия бо муҳосираи Бахмут хостанд, дастоварди нахустини худро дар ним соли охир ба намоиш гузоранд, сарбозони украинӣ ба он муқобила карданд. Поёни зимистони имсол шоҳиди низоъҳои хунин дар тамоми давраи ҷанг дар Украина буд.

Як фармондеҳи украинӣ ҷангро дар Бахмут “дӯзах” тасвир кард. Сухангӯйи як қисми низомӣ дар ин шаҳр гуфт, ҳамлаҳои пайдарпайи Русия то ҳанӯз ноком будаанд.

“Маълум аст, ки ҳарифон камбуди муҳимоти ҷангӣ доранд. Дар ҳар сурат, ҳанӯз доранд. Онҳо мехоҳанд, зербиноҳои мо, роҳ ва дастрасиро ба мавзеи нерӯҳои мо хароб кунанд, аммо барои ин захираи кофӣ надоранд,” – афзуд ӯ.

Даргирии пуршиддат ва партоби ҳазорҳо мушак аз хати шарқу ҷануби ҷанг захираи тиру тӯпи ҳарду ҷонибро кам кардааст. Ҳоло ҳампаймонҳои аврупоии Киев талош доранд, лавозимот харидаву дастрас кунанд.

Камбуди дастрасӣ ба лавозимоти ҷангӣ байни раҳбари созмони низомии “Вагнер” Евгений Пригожин ва раҳбарияти низомии ин кишвар ихтилофе ба вуҷуд овардааст.

Пригожин, ки яке аз шахсони наздик ба Путин аст ва даҳҳо ҳазор нафарро аз маҳбасҳои Русия ба ҷанг дар атрофи Бахмут фиристодааст, мансабдорони Вазорати дифои Русияро барои таъмин накардани ҷангҷӯён бо лавозимоти ҷангӣ ба “хиёнат” муттаҳам кард. Вазорат иддаои ӯро рад намуд.

Бо ин ҳол, Русия дар ҳафтаҳои охир дар ҷанг дастовардҳое дорад. Маскав тасарруфи Бахмутро як қадами муҳим барои расидан ба ҳадафи аслии худ, тасарруфи тамоми қаламрави Донбасс, медонад.

Вашингтон рӯзи душанбе гуфт, ҳатто агар Русия муваффақ шавад ва ин шаҳрро зери дасти худ бигирад ҳам, дар ҷанг пешравии зиёде нахоҳад дошт. Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, дар суҳбат бо хабарнигорон дар Ховари Миёна гуфт, ишғоли Бахмут аҳамияти бузург ва стратегӣ надорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идомаи ҷанги сахт дар Бахмут