Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев, ки 5-уми март ба шаҳри Бурирами Тайланд сафар кард, дар марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» ширкат меварзад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи кишвар (U-20) 21 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд.
Духтарони футболбози тоҷик дар марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Тайбейи Чин (8-уми март), Тайланд (10-уми март) ва Узбекистон (12-уми март) бозӣ мекунанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои занона (U-20)
Марҳилаи аввал. Гурӯҳи «Е»
Даври 1-ум
8-уми март (чоршанбе)
Тайбейи Чин – Тоҷикистон
Тайланд – Узбекистон
Даври 2-юм
10-уми март (ҷумъа)
Тоҷикистон – Тайланд
Узбекистон – Тайбейи Чин
Даври 3-юм
12-уми март (якшанбе)
Тоҷикистон – Узбекистон
Тайланд – Тайбейи Чин