Паҳлавони маъруфи тоҷик аз Тошканд нишони биринҷӣ меорад

Сомон дар чандин мусобиқаҳои байналмилалии дигар пирӯз шудааст.

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2023”, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард. Зимнан, ин дуюмин медали гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2023» - 4-уми март - гуштигирон аз рӯи вазнҳои 63, 70 кило миёни занон ва 73, 81 кило миёни мардон рақобат карданд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) , Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) муаррифӣ намуданд. Аз байни онҳо танҳо Маҳмадбеков тавонист медал бигирад.

Сомон дар даври аввал Абдулраҳмон Абдулғаниро аз Миср шикаст дода, баъдан Сергий Кривчачро аз Украина мағлуб кард. Дар даври чорякниҳоӣ ба Шарофиддин Болтабоев аз Узбекистон ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Вале Сомон дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Австрия Шамил Борчашвили шикаст хӯрд. Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали биринҷӣ ба бародари Шамил - Вачид Борчашвилии австриягӣ пирӯз шуд.

Дарвоқеъ, ин дуюмин медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор меравад. Вай ба ҷуз аз медал ва имтиёзҳои олимпӣ, инчунин бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Вале се паҳлавони дигари тоҷик - Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа дар Тошканд ноком шуданд, аз медал бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2023” Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони 20-солаи тоҷик, медали тило ба даст овард. Ин аввалин медали ӯ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор меравад. Дар таърихи ҷудои тоҷик бошад, ин дуюмин медали тило дар чунин мусобиқот аст. Аввалин медали тилоро паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов соли гузашта дар «Baku Grand Slam 2022»,дар вазни беш аз 100 кило ба даст оварда буд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар Tashkent Grand Slam 2023” 3-юми март дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 66 кило барои медали тило ба намояндаи Узбекистон – Сардор Нуриллоеви 28-сола ғалаба кард. Қаблан Эмомалӣ баъдӣ се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Туркманистон, Узбекистон ва Фаронса ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буд. Ӯ дар нимфинал ба гуштигири Узбекистон Муҳриддин Тилавов дастболо шуда, ба финал баромад. Ба Эмомалӣ Нуралӣ ба ҷуз аз медали тило ва имтиёзҳои олимпӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 доллари ИМА супурда шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд боз чаҳор намояндаи Тоҷикистон рақобат карданд. Дар сабқати занон ду нафар – Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кило, дар сабқати мардон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило дар даврҳои интихобӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (11 мард ва 2 зан) дохил аст. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 5-уми март – дар сабқати мардон чаҳор паҳлавони тоҷик - Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни то 90 кг), Темур Раҳимов ва Иброҳимҷон Элмуродов (ҳарду дар вазни +100 кг) – вориди рақобат мешаванд.

Барномаи мусобиқа:

5-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2023” 364 варзишгар (191 мард ва 173 зан) аз 48 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дорад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар Тошканд мунтахаби Ҷопон дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 5 медал (3 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Узбекистон бо касби 6 медал (1 тило, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Австрия бо касби 2 медал (1 тило ва 1 нуқра) дар ҷойи сеюм қарор доранд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали тило ва як нуқра дар байни 48 даста дар ҷойи шашум мебошад.

Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2023” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

Дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" – «Grand Prix Portugal 2023», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Вале дар ду мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – “Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал) ва “Tel Aviv Grand Slam 2023” (16-18-уми феврал) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.