Эмомалӣ Нуралӣ дар "Tashkent Grand Slam 2023" ба финал роҳ ёфт

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба финали мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2023”, ки имрӯз, 3-юми март, дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд - шурӯъ шуд, роҳ ёфт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2023” 364 варзишгар (191 мард ва 173 зан) аз 48 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок дорад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (11 мард ва 2 зан) дохил аст: сабқати мардон - Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кило), Беҳрӯзи Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни то 90 кг), Темур Раҳимов ва Иброҳимҷон Элмуродов (ҳарду дар вазни +100 кг), сабқати занон– Шукрона Қарчиева (то 48 кг) ва Шоҳида Қаландарова (то 57 кг).

Дар рӯзи аввали мусобиқот панҷ варзишгари тоҷик рақобат намуд. Аз байни онҳо танҳо Эмомалӣ Нуралӣ хуб ҳунарнамоӣ дорад. Ӯ дар вазни то 66 кило баъдӣ се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Туркманистон, Узбекистон ва Фаронса ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони 20-солаи тоҷик дар нимфинал ба гуштигири Узбекистон Муҳриддин Тилавов дастболо шуда, ба финал баромад. Ҳамакнун Эмомалӣ барои медали тило бо намояндаи дигари Узбекистон – Сардор Нуриллоеви 28-сола - бегоҳи имрӯз мубориза хоҳад бурд.

Дар сабқати занон ду нафар – Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кило, дар сабқати мардон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило дар даврҳои интихобӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Барномаи мусобиқа:

3-юми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

4-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

5-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2023” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

Дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" – «Grand Prix Portugal 2023», ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дода, дар вазни то 90 кило мақоми ҳафтумро касб намуд.

Вале дар ду мусобиқаи дигари байналмилалии мавсими ҷорӣ – “Paris Grand Slam 2023» (4-5-уми феврал) ва “Tel Aviv Grand Slam 2023” (16-18-уми феврал) ягон варзишгар аз Тоҷикистон иштирок надошт.