Полша дархости паноҳандагии як зодаи Тоҷикистонро рад кардааст. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наворро дар инҷо бинед

Дар Лаҳистон (Полша) ба дархости паноҳандагии як фаъоли зодаи Тоҷикистон посухи рад додаанд.

Саиданвар Сулаймонови 24-сола рӯзи 2-юми март гуфт, аз он хавф дорад, ки ба Тоҷикистон ронда ва барои андешаҳояш муҷозот хоҳад шуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин замина шарҳе надодааст.

Сулаймонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба номи "Саша Печенка" маъруф аст.

Мегӯяд, то ин дам дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон, боздошту зиндонӣ шудани ҳомиёни ҳуқуқ ва масоили дигари вобаста ба Тоҷикистон гап задааст.

Мақомоти Лаҳистон рӯзи 20-уми феврал дар номае гуфтаанд, далелеро барои додани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ ба ӯ наёфтанд.

Ӯ аз соли 2008 дар Русия мезист. Дар ситоди пешазинтихоботии Андрей Пивоваров, ки ҳоло дар Русия зиндонист, фаъолият дошт.

Номаш дар соли 2021 ва замоне расонаӣ шуд, ки дар яке аз шифохонаҳои Маскав кор мекард ва ба ҷонибдорӣ аз флешмоби созмондодаи Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифин, чароғаки телефонашро рӯшан кард.

Он ҳангом ӯро аз кор ронданд ва барои чил сол аз ҳаққи даромадан ба хоки Русия маҳрум карданд. "Маҷбур шудам, ки соли 2021 Русияро тарк кунам. Аз он вақт то ба имрӯз дар Полша ҳастам," -- гуфт ӯ рӯзи 2-юми март.

Вай афзуд, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва мақомоти интизомии кишвар то кунун аз наздикону ҳамсояҳояш дар бораи дар куҷо ва ба чӣ кор машғул буданаш пурсидаанд. "Ин пурсишҳо на як бору ду бор, балки борҳо шудааст," – илова кард ӯ.

Саиданвар Сулаймонов ҳоло барои бозбинии қазияаш ба мақомоти Полша муроҷиат кардааст.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Аврупо, аз ҷумла Олмону Лаҳистон, паноҳанда шуданд. Баъзе аз онҳо аз таъқиби сиёсӣ ва саркӯби дигарандешону мухолифон ва иддае дигар аз маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар шикоят доранд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.