Додгоҳ паноҳандагии Сулаймоновро рад кардааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Лаҳистон (Полша) ба дархости паноҳандагии як фаъоли зодаи Тоҷикистон посухи рад додаанд. Саиданвар Сулаймонови 24-сола рӯзи 2-юми март гуфт, аз он хавф дорад, ки ба Тоҷикистон ронда ва барои андешаҳояш дар онҷо муҷозот хоҳад шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин замина шарҳе надодааст.