Эрон рӯзи якшанбеи 26-уми феврал сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супурд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аз ин тасмими Теҳрон интиқод кард ва онро "суолбарангез" хонд.
Тибқи гузоришҳо, дипломатҳои ҳукумати пешини Афғонистон сафорати ин кишвар дар Теҳронро тарк карданд ва ин маҳал қарор аст, имрӯз, душанбеи 27-уми феврал расман ба намояндаи Толибон вогузор шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳафтаи гузашта ба кормандони сафорати Афғонистон дар Теҳрон эълон кард, ки ин маҳал ба зудӣ дар ихтиёри намояндаи муаррифишудаи Толибон қарор мегирад. Аммо сарпарасти сафорат ва шумори зиёде аз кормандон гуфтанд, ки ҳозир нестанд бо Толибон ҳамкорӣ кунанд.
Ҳамид Раҳгузар, як дипломат дар сафорати Афғонистон рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Эрон аз онҳо хост то сафоратро дар ихтиёри Толибон бигузоранд.
Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи якшанбе иддао кард, ки масъалаи вогузории сафорати Афғонистон дар Теҳрон, "кори дохилӣ"-и Афғонистон буда, Теҳрон дар он нақше надорад. Аммо Теҳрон нагуфтааст, ки чигуна сафорати Афғонистон ба Толибон вогузор шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзудааст, "ҳеҷ санад ё чизи дигаре, ки мутааллиқи сафорати Афғонистон будааст, дар ихтиёри онҳо қарор нигирифтааст". Пештар бархе манбаъҳо гузориш дода буданд, ки аъзои ҳукумати пешини Афғонистон дар сафорати ин кишвар дар Теҳрон, таҷҳизот ва санадҳои дохили биноро ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон додаанд.
Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Толибон гуфтааст, ки тағйири дипломатҳо аз сӯи ин вазорат як амри маъмул ва ҳаққи ҳар кишвар аст. Аммо умури сафоратҳои Афғонистон дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла намояндагии доимии Афғонистон дар СММ ҳанӯз аз сӯи дипломатҳои ҳукумати пешин идора мешавад, зеро ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон ҳанӯз ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд рӯзи якшанбе дар эъломияе аз тасмими Эрон барои дар ихтиёри Толибон гузоштани сафорати Афғонистон дар Теҳрон интиқод кард ва онро "суолбарангез" хонд. Дар эъломия гуфта шуд, ки Теҳрон ба дархости Ҷабҳаи муқовимат барои вогузор накардани сафорат ба Толибон, таваҷҷуҳе накард.
Дар баёнияи Ҷабҳаи муқовимат гуфта мешавад, "вогузории намояндагии дипломатии Афғонистон дар Эрон ба гурӯҳе, ки номҳои раҳбаронашон ҳамчунон дар рӯйхати сиёҳи СММ аст ва ҳанӯз ҳеҷ кишвари дунё ҳозир ба барқарории робитаҳои расмии дипломатӣ бо онҳо нашуда, суолбарангез аст".
Ин Ҷабҳа дар поёни эъломияи худ ба ҷойи ҳукумати Эрон, "аз ҳамдардӣ, ҳимоят ва ҳамкории бедареғи миллати огоҳи Эро бо мардуми Афғонистон ташаккур кардааст".
Аз ин пеш Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон додани сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба намояндаи "гурӯҳе, ки ҳокимияти онҳо дар Афғонистон номашрӯъ аст", хилофи урфи дипломатӣ гуфта буд.
Толибон аз замоне, ки дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон дубора ба даст гирифтанд, намояндагони худро ба Покистон, Чин, Русия ва Туркманистон фиристоданд. Аммо намояндагони ҳукумати пешини Афғонистон то ҳанӯз дар бисёре аз кишварҳо фаъоланд.