Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), аввалин рақобаташро дар мусобиқоти UFC Vegas 70 дар вазни сабук шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор мекунад.
Рақиби Алиеви 23-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ мебошад, ки дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир менамояд. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дутоашро бохтааст.
Ҳаводорони ин намуди варзиш Алвесро аз бархӯрди ӯ бо Дамир Исмагулов хуб дар ёд доранд, ки вай муқобили ситораи қазоқ муборизаи сахт бурд, аммо шикаст хӯрд. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва даҳ бохт дорад. Алвес ҳуқуқи ширкат дар лигаи зӯртаринҳоро тавассути Dana White's Contender Series ду сол пештар аз Алиев ба даст овардаааст.
Муҳорибаи Нурулло Алиев ва Рафаэл Алвес шаби 26-уми феврал соати 03:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад. Ширкати букмекерии «Мелбет» дар муборизаи Нурулло Алиев бо Рафаэл Алвес ба размикори тоҷик афзалият медиҳад.
Нурулло Алиев дилпурона мубориза мебарад, ӯ ҳам аз лиҳози физикӣ ё ҷисмонӣ пурқувват асту ҳам аз ҷиҳати маҳорат аз рақибаш камӣ надорад. Ҳам услуби мубориза ва ҳам намуди зоҳирии Нурулло Алиев ба Ҳабиб Нурмагомедов, размикори машҳури доғистонӣ, шабоҳат дорад.
Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи ҳашт қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. Қадаш 1 метру 78 сантиметр, вазнаш сабук (70 кг) аст.
Баъди муҳориба Нурулло Алиев ба Dana White's Contender Series – ташкилоте, ки ба ҷустуҷӯи размикорони боистеъдод барои бо UFC шартнома бастан машғул аст, гуфта буд, омода аст аллакай баъди як ҳафта дар мусобиқаи ин созмон иштирок намояд.
Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Вай дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале ӯ пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White's Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд.
Нурулло Алиев барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома баст ва ваъда дод, ки баъди ду сол камарбанди қаҳрамониро хоҳад гирифт.
"Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки сарфи назар аз мушкилиҳо бояд ду сол пас қаҳрамони UFC шавам. Ё ҳадди ақал дар рӯйхати панҷ варзишгари беҳтарини ин ташкилот бошам, то ҳар замон UFC тавонад барои ман рақобати қаҳрамонӣ пешниҳод кунад", - гуфт Нурулло Алиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.