"Бо либоси расмӣ", "фақат як савол". Вазирони тоҷик чӣ гуфтанд? ВИДЕО

"Фақат як савол иҷоза аст." Шарти Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ба хабарнигорон.

Талаби ба ин монанд аз забони мансабдорони дигари тоҷик дар нишастҳои матбуотии ду ҳафта пеш садо дод. Онҳо далел меоварданд, ки ба ҳама фурсати суол додан бирасад, аммо худ гоҳе ба ҷойи 15 дақиқа ним соат ва бештар аз он маъруза мехонданд. Дар ҳоле ки нусхааш дар дасти хабарнигорон ҳаст ва ҳоҷат ба такрор нест.

Қоидаи нав?

Баръакси нишастҳои гузашта, ин навбат раҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои давлатӣ қоидаи суҳбатро ба хабарнигорон номбар карданд. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, хитоб ба хабарнигорон гуфт, ки бо чӣ гуна либос ба нишаст биоянд.

"Кадом талабот барои гузарондани нишастҳои матбуотӣ пешбинӣ шудааст? Новобаста ба кадом забон пешниҳод шудани савол аз ҷониби мақоми ваколатдор ҷавоб ба забони давлатӣ ва нутқи адабӣ пешниҳод карда шавад... Аз намояндагони воситаҳои ахбори омма талаб карда шавад, ки барои иштирок дар нишастҳои матбуотӣ бо либоси расмӣ ва нимарасмӣ ҳозир шаванд,” – афзуд ӯ.

Ҷавобҳои умумӣ; худдорӣ аз овардани омори дақиқ; ба дигар тараф кашондани мавзуъ; шонси дигарбора надодан ба хабрнигор барои пешниҳоди суол ё такроран пурсидани масъала аз мавридҳое буданд, ки дар нишастҳо ба мушоҳида расиданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тағйири рафтори мақомот дар нишастҳои хабарӣ

Гурез аз суол

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи Тоҷик”, бо вуҷуди пофишорӣ суолро дар бораи қарз ё созиши нави “Брешно”-и Афғонистон бе ҷавоби дақиқ монд.

“Қисман қарздорӣ вуҷуд дорад, лекин қайд кардан зарур аст, ки пардохтпазирии ширкати “Брешно” беҳтар шудааст ва ҳамчунин содироти барқ”. Ин буд посухи раиси “Барқи Тоҷик”.

Баъзе аз масъулони вазорату идораҳо талош карданд, пурсишро аз гардани худ “соқит” кунанд ва ба дӯши ниҳоди дигар бигузоранд. Барои намуна, Шуҳрат Аҳмадзода, намояндаи Вазорати кори Тоҷикистон дар Русия, нагуфт, ки тоҷикон дар зиндонҳои Русия чӣ қадар ҳастанд. Гуфт, ки “чунин омор дар Вазорати корҳои дохилӣ аст”.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, чунин омор надоранд, “чунки дар салоҳияти онҳо нест”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Русия намегӯянд, дар Тоҷикистон “намедонанд”

Хабарнигорон мегӯянд, нишастҳои матбуотӣ сол то сол маҳдуд ва қолабӣ мешаванд. Ба қавли Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия-Плюс”, ҳоло аз нишастҳои матбуотӣ дарёфти омори одитарин ҳам мушкил шудааст.

Шикояти хабарнигорон

Мазҳаб Ҷумъа

“Солҳои пеш роҳбарони аввал ба нишаст намеомаданд ё аз додани баъзе омори шубҳаовар худдорӣ мекарданд. Имсол намояндагони Вазорату идораҳо аз додани арқом, ки солҳои пеш дар варақаҳои матбуотӣ буд, парҳез мекунанд. Аз Вазорати энергетика гирифта то вазоратҳои маорифу меҳнат ва Кумитаи сармоягузорӣ,” – гуфт Мазҳаб Ҷумъа.

Баъзе аз хабарнигорон мегӯянд, намояндагони чанд идораи давлатӣ нишон додаанд, ки нишастҳои хабарӣ як “дарди сард” аст ва аз ночорӣ мегузаронанд.

Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, қариб даҳ сол боз дар нишастҳои хабарӣ иштирок мекунад. Мегӯяд, дар нишастҳои охир баъзе аз мансабдорон суолро нодида гирифтанд.

"Ҳадди ақал дар ду ниҳод ба чунин ҳолат рӯбарӯ шудам. Вазири маориф ба муовинонаш иҷоза намедод, ба саволҳо пурра ҷавоб диҳанд. Як суоли маро дар бораи сарнавишти донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон аслан нодида гирифт. Танҳо баъд аз эътирози мо дар охири нишаст ба он посух дод. Дар нишасти Вазорати корҳои хориҷӣ аслан ба хабарнигори Озодӣ иҷозаи пурсидан намедоданд. Маҷбур дар охири нишаст бидуни иҷоза аз ҷой баланд шуда, ҷавоби суолро аз вазир пурсидем,” -- афзуд хабарнигори Радиои Озодӣ.

Дар ҳоле ки мансабдорони тоҷик аз шарҳи ҳодисаҳо ва додани иттилои муҳим мегурезанд, нишастҳои хабарӣ фурсати муносибе барои пешниҳоди суолу гирифтани ҷавоб дониста мешаванд.

Чунин нишастҳо аз соли 2006 бо як амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳар се моҳ баргузор мешуд. Дар соли 2011 баргузории нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатиро аз 3 ба 6 моҳ оварданд, ки боис ба интиқоду нигаронии хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ шуд.