Хонаҳои коҳгилӣ ба Аврупо бармегарданд. Чаро?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хонаҳои гилин ё коҳгилӣ нишонае аз фақру қашшоқӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло дар Маҷористон, яке аз кишварҳои Аврупои пешрафта, сохтмони ин навъи хонаҳо андак-андак зиёд шудааст, зеро онҳоро камхарҷ ва баръакси хонаҳои бетонӣ барои муҳити зист муносиб медонанд.