Созмони Милал: Дар Украина 8000 ғайринизомӣ кушта шуд

Бахмут, Украина

Дар як соли ҷанги бедалели Русия дар Украина 8 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, зиёда аз 13 ҳазор кас захмӣ гардид.

Волкер Турк, кумисари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, рӯзи 21-уми феврал бо нашри изҳороте гуфт, бештари онҳо ҷавонон ва пиронсолон ҳастанд.

Ӯ афзуд, бар асари муноқишаҳо ҳудуди 14 миллион нафар хонаҳои худро дар Украина тарк кардаанд.

Русия рӯзи 24-уми феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард.

Кремл пайваста онро амалиёти низомӣ медонад, вале Киев ва ҳампаймонҳои ғарбияш таҷовуз ба хоки Украина медонанд. Даргирии шадид идома дорад.