Байден дар Украина: "Путин ғалат кард" ВИДЕО

Ҷо Байден ва Владимир Зеленский

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, бо сафари аз пеш эълоннашуда ба Украина рафт. Ҷое, ки ба сабаби ҳамлаи бедалели Русия як сол боз ҷангу хунрезӣ ҷараён дорад. Аз ду тараф ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо украинӣ муҳоҷиру бехонаву дар шудаанд.

Бино ба аксу наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, Ҷо Байден рӯзи 20-уми феврал бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский дар шаҳри Киев вохӯрд. Зеленский гуфт, сафари Байден "аломати ниҳоят муҳими пуштибонӣ аз ҳамаи украиниҳо аст".

Раиси ҷумҳури Амрико дар баёнияе гуфт, "имрӯз дар Киев ҳастам, то бо президент Зеленский мулоқот карда, бори дигар ба аҳди собити худ барои демократия, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина таъкид намоям."

"Тақрибан як сол пеш, вақте Путин ҳамлаи худро оғоз кард, фикр дошт, ки Украина сусту нотавон аст ва Ғарб аз ҳам ҷудо шуда... аммо комилан ғалат кард," – афзуд ӯ.

Байден гуфт, бастаҳои нави кумаки низомиро ба Украина эълон хоҳад кард. Таҷҳизоте, ки Киев ва шаҳрҳои дигари Украинаро аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия эмин хоҳад дошт.

Сафари ногаҳонии Ҷо Байден ба Украина дар ҳоле аст, ки нерӯҳои Русия ба ҳамла ба иншооти низомӣ ва шаҳракҳои ғайринизомӣ дар шарқу ҷануби Украина идома медиҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафари ногаҳонии Байден ба Украина

Дар айни замон Владимир Зеленский мегӯяд, нерӯҳои кишвараш дар ҷанг бо сарбозони рус дар атрофи шаҳрҳои Бахмут ва Вулҳедари вилояти Донетск ба онҳо “талафоти фавқулода” ворид кардаанд.

Ӯ дар муроҷиати видеоӣ дар шаби 19-уми феврал гуфт, “айни замон вазъият бисёр душвор аст. Мо таҷовузгарро мешиканем ва талафоти қобили таваҷҷуҳ ба Русия ворид кардем. Ба такрор мегӯям, Русия ҳар қадар талафоти зиёд бидиҳад, ҳамон қадар зудтар ба ин ҷанг ва бо пирӯзии Украина хотима медиҳем.”

Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия дар ҳафтаҳои гузашта дар атрофи Бахмут ва Вулҳедар талафоти зиёд додаанд. Дар ин ҷангҳо сарбозони зиёде аз Украина ҳам талаф ёфтаанд. Ҳеч яке аз тарафҳо дар бораи талафоти сарбозонашон иттилои дақиқ намедиҳад ва тасдиқи иддаоҳо дар бораи ҷанг ҳам мушкил аст.