Тоҷикистон ҳама талошро мекунад, то аз ширкати шаҳрвандонаш дар ҷангҳои хориҷӣ, аз ҷумла даргирӣ миёни Русияву Украина пешгирӣ кунад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ дар ҳузури хабарнигорон ибрози назар кард. Дар моҳҳои ахир ҷасади даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро аз Украина оварданд. Бештари онҳо аз тарафи Русия дар ин ҷанг ширкат доштанд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, намояндагиҳои дипломатии кишвар ба шаҳрвандон мефаҳмонанд, то ба ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ пайваст нашаванд.
"Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон бо мусоидати тамоми ҷамъиятҳои тоҷикӣ дар худи Украина, Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо корҳои лозимиро бурда истодаем, бо донишҷӯён ва дигарон вохӯриҳо мегузаронем. Намояндаҳои мо ба онҳо мефаҳмонанд, мо талаб мекунем, ки ба ягон чиз пайваст нашаванд. Лекин мутаассифона чихеле, ки шумо гуфтед баъзе шаҳрвандони мо дар онҷо меафтанд,”-афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мушаххасан нагуфт, ки мақомот дар бораи ҳузури чанд тоҷикистонӣ дар ҷанг алайҳи Украина маълумот доранд. Юсуф Раҳмон, додситонии кулл ҳам рӯзи 17-уи феврал ба ин суол посухи рӯшан надод.
Юсуф Раҳмон танҳо гуфт, агар шаҳрвандон барои интиқоли наздиконашон аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон муроҷиат кунанд, “баррасӣ мекунем, мебинем.”
Масъалаи фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ҷанги Укрина дар нишастҳои хабарии чанд ниҳоди давлатӣ баҳс шуд. Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулл ҳам дар бораи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Русия ва Украина дақиқ посух намедиҳанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, то имрӯз дар бораи интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба ҷанги Украина касе расман ба онҳо муроҷиат накардааст.
Шуҳрат Аҳмадзода, як масъули намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13-уми феврал гуфт, “шаҳрвандоне, ки аз зиндонҳо ба Украина сафарбар карда шуданд, онҳо тибқи қонунгузории Русия розигии шахсии худро дода, аз онҷо сафарбар шуданд.” Аммо наздикони чанд зиндонии кушташуда гуфтанд, онҳоро маҷбурӣ аз маҳбасҳои Русия ба ҷанги Украина бурданд. Хабарҳо дар бораи интиқоли маҳбусони тоҷик аз Русия ба ҷанги Украина, пайвандони дигаро зиндониёнро нигарон кардааст.
То кунун исми даҳ зиндонии тоҷик, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба Радиои Озодӣ маълум шудааст. Мақомоти тоҷик пас аз як моҳи оғози ҷанги бедалели Русия зидди Украина бе гирифтани номи кишвари мушаххас ширкат дар ҷанги кишварҳои хориҷиро ҷиноят дониста буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Талош доранд, одамони моро аз зиндон ба ҷанг баранд" ВИДЕО"Ё зиндон, ё ҷанг". Як муҳоҷири тоҷик пас аз 5 моҳ аз худ дарак додааст"Дар пой, даст ва синааш захм дошт." Ҳалокати як сокини Ҳисор дар ҷанги Украина. ВИДЕО"Онҳоро барои мурдан мефиристанд" ВИДЕОМақомоти тоҷик: Зиндониён "бо хоҳиши худ" ба ҷанги Украина меравандПадар мунтазири тобути Мақсад. Тоҷики дигари зиндонӣ дар Бахмут кушта шуд. ВИДЕО