Сарватманди рус таъсиси "Фабрикаи ҷавоб"-ро кори худ донист

Евгений Пригожин, раҳбар ва ҳаммуассиси гурӯҳи тиҷоратии “Вагнер”

Евгений Пригожин, раҳбар ва ҳаммуассиси гурӯҳи тиҷоратии “Вагнер”, ки чун шахси бисёр наздик ба президенти Русия Владимир Путин шинохта шудааст, бори аввал эътироф кард, ки бунёдгузор ва раҳбару ҳамоҳангсози фабрикаи ҷавоби ҳукумати Русия ё Оҷонсии таҳқиқоти интернетӣ будааст.

Ин ширкат, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таъсис ёфт, бо эҷоди саҳифаҳои дурӯғини иҷтимоӣ ва паҳн кардани маълумоти ғайривоқеии таблиғотӣ маъруф аст.

Вазорати адлияи ИМА моҳи феврали соли 2018 ишора кард, ки Оҷонсии таҳқиқоти интернетӣ ва ду ширкати дигари таҳти назорати Пригожин, яъне “Конкорд менеҷмент” ва “Конкорд кетеринг”, инчунин худи Пригожину 15 шахси дигар аз Русия дар ташкили маъракаи сохтакории иттилоот ба хотири дахолат ба сиёсати ИМА ва ҷараёни интихобот, аз ҷумла, интихоботи соли 2016-и президентӣ даст, доранд.

Рӯзи 14-уми феврал дар як посухи катбиаш ба журналистони ғарбӣ худи Пригожин гуфт, “ин идеяи ман буд, ман онро сохтам ва муҳлати дароз худам онро идора кардам.” Пригожин гуфт, ки ин оҷонсӣ “ба хотири ҳимояти фазои иттилоотии Русия аз таблиғоти ғарбӣ” сохта шуд.

Пригожин ҳамчунин эътироф кардааст, ки ба як ширкати дигари маъруф чун фабрикаи ҷавоб бо номи "Киберфронт Z" кӯмак кардааст. Ин ширкат як сол пеш, баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина таъсис шуд.

Дар посух ба саволи дигар дар бораи мансубияти ӯ ба ширкати Lobaye Invest, ки дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ бо истихроҷи тиллову алмос машғул аст, Пригожин гуфт, ин ширкат се сол пеш барҳам хӯрдааст, вале раҳбарии онро Дмитрий Ситий ба ӯҳда дорад, ки дар Африқо на ба кори истихроҷ, балки таҳқиқоти геологӣ машғул буд. Ӯ инчунин гуфт, ки Ситий аз таркиши як муросилоте осеб дид ва аз журналистони ғарбӣ тақозо кард, ки “барои фаъолиятҳои террористии кишварҳои ғарбӣ” узрхоҳӣ кунанд.

Пригожин бо изҳороти маҳкумкунандааш дар нисбати таҳримҳои Ғарб маъруф аст, ки баъди таҷовузи Русия ба хоки Украина ҷорӣ шуд.