Ба 35 варзишгари тоҷик ҷоиза дода шуд

Темур Раҳимов.

35 варзишгари тоҷик барои дастовардҳояшон дар соли 2022 бо ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Маросими ҷоизасупорӣ 13-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Маблағи умумии ҷоизаҳо 568 ҳазору 750 сомониро ташкил дод. Ба варзишгарон мувофиқи дастовард ва гурӯҳашон (наврасон, ҷавонон ва бузургсолон) ҷоизаи президент ба мабалағи аз 6250 то 50 000 сомонӣ супурда шуд, ки аз ин маблағ 20 фоизаш ба мураббиён тақдим гардид.

Ҷоиза ба варзишгароне супурда шуд, ки дар соли 2022 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон (як нафар оид ба ҷудо) ва қаҳрамонии Осиё байни бузургсолон, ҷавонон ва наврасон оид ба бокс, ҷудо, гуштии юнонию румӣ, гуштии озод ва таэквондо WТ (34 нафар) соҳиби медал гардиданд.

Темур Раҳимов (ҷудо), Шодмон Ризоев (ҷудо), Асламҷон Азизов (гуштии юнонию румӣ) барои ба даст овардани медали нуқраи қаҳрамонии Осиё миёни бузургсолон, Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо) барои ба даст овардани медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон бо 50 000 сомонӣ; Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо WT), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Баҳодур Усмонов (бокс), Муҳаммад Аброриддинов (бокс), Мустафо Аҳмадов (гуштии озод) барои гирифтани медали биринҷии қаҳрамонии Осиё миёни бузургсолон бо 25 000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин ба 26 нафар, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба намудҳои олимпии варзиш миёни наврасону ҷавонон медалҳои нуқраю биринҷӣ гирифтаанд, ҷоизаи президент мувофиқан ба маблағи 12500 сомонӣ ва 6250 сомонӣ эҳдо гардид.

Вале ба ягон варзишгар аз намудҳои ғайриолимпӣ имсол ҳам ҷоизаи президент супурда нашуд. Сабабаш ба талаботи низомномаи ин ҷоиза ҷавобгӯ набудани натиҷаҳои нишондодаи онҳост. Яъне дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё оид ба намудҳои ғайриолимпӣ теъдоди кишварҳои иштироккунанда, ки дар низомнома муқаррар шудааст, ба эътибор гирифта мешавад.

Зимнан, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ соли 2015 таъсис ёфта, давоми ҳашт сол 236 ҷоиза ба варзишгарон ва мураббиёнашон тақдим гардидааст. Маблағи умумии ҷоиза дар ин давра наздики 5 миллион сомониро ташкил дод.

Дар асоси низомномаи ҷоизаи президент ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мувофиқан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад. Вале дар Олимпиадаи охирин ягон варзишгари тоҷик натавонист дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио медал бигирад.

Инчунин варзишгарони тоҷик чандин сол аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш миёни бузургсолон медал нагирифтаанд. Дарвоқеъ, баъди пирӯзии гурзандози машҳур Андрей Абдувалиев соли 1995 дар қаҳрамонии ҷаҳон дигар касе аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпӣ миёни бузургсолон то ҳоло медали тилло нагирифтааст.

Ба ғайр аз ин, варзишгарони тоҷик солҳои охир наметавонанд ҳатто дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар намудҳои олимпӣ миёни бузургсолон медали тилло ба даст биёранд.