Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2023 рӯзи сешанбе, 14-уми феврал, бо иштироки ҳашт даста дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор оғоз меёбад.
Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор) дохиланд.
Дар гурӯҳи «Б» «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Душанбе» (Душанбе) бозӣ мекунанд.
Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Баъдан аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба 1/2 финал роҳ меёбанд. Сипас ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал, дастаҳои мағлубшуда бошад, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ-2023 имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз аз Ҷому медалҳои тилло, 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Ҷоизадори нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ мегиранд.
Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023
Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»: КМВА, «Истаравшан», «Равшан», «Ҳосилот».
Гурӯҳи «Б»: «Парвоз», «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер», «Душанбе».
Даври 1-ум
Гурӯҳи «А»
14 феврал (сешанбе)
11:00 – КМВА – «Ҳосилот»
14:30 – «Истаравшан» – «Равшан»
Гурӯҳи «Б»
15 феврал (чоршанбе)
11:00 – «Парвоз» – «Душанбе»
14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
Даври 2-юм
Гурӯҳи «А»
16 феврал (панҷшанбе)
11:00 – «Ҳосилот» – «Равшан»
14:30 – КМВА – «Истаравшан»
Гурӯҳи «Б»
17 феврал (ҷумъа)
11:00 – «Душанбе» – «Панҷшер»
14:30 – «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»
Даври 3-юм
Гурӯҳи «А»
18 феврал (шанбе)
11:00 – «Истаравшан» – «Ҳосилот»
14:30 – «Равшан» – КМВА
Гурӯҳи «Б»
19 феврал (якшанбе)
11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе»
14:30 – «Панҷшер» – «Парвоз»
22 феврал (чоршанбе)
11:00 – Нимфинали аввал
14:30 – Нимфинали дуюм
25 феврал (шанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
15:00 – Финал
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.