Як мақомдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иддао дорад, ки зиндониёни тоҷик дар Русия "бо розигии худ ба ҷанги Украина" бурда мешаванд.
Наздикони чанд зиндоние, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳоро бо зӯр ва таҳдид ба ҷанг бурда буданд.
Шуҳрат Аҳмадзода, як масъули намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба онҳо то имрӯз дар бораи интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба ҷанги Украина касе расман муроҷиат накардааст.
Ба гуфтаи масъули Вазорати меҳнат, “шаҳрвандоне, ки аз зиндонҳо ба Украина сафарбар карда шуданд, онҳо тибқи қонунгузории Русия розигии шахсии худро дода, аз онҷо сафарбар шуданд.”
Ин масъули Вазорати меҳнат ва муҳоҷират аз шарҳи бештар дар ин бора худдорӣ кард ва аз ҷумла нагуфт, ки феълан дар зиндонҳои Русия чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.
То кунун исми даҳ зиндонии тоҷик, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба Радиои Озодӣ маълум шудааст. Мақомоти тоҷик пас аз як моҳи оғози ҷанги бедалели Русия зидди Украина бе гирифтани номи кишвари мушаххас ширкат дар ҷанги кишварҳои хориҷиро ҷиноят дониста буданд.
Гулнора Ҳасанзода, вазири нави меҳнат ва муҳоҷират ҳам дар бораи интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ҷанги Украина суҳбат накард. Аз ҷумла вазир нагуфт, ки масъалаи бурдани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷанги Украина то куҷо бо ҷониби Русия дар миён гузоштанд.
Изҳороти масъули Вазорати меҳнат дар бораи бо розигии худ ба ҷанги Украина рафтани зиндониён бо ҳарфҳои наздикони онҳо мухолифат дорад. Аз ҷумла, пайвандони Мақсад Қурбонов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ӯро маҷбуран аз як зиндони Архангелск ба ҷанги Украина бурданд.
Ба гуфтаи Файзулло Қурбонов, падари Мақсад Қурбонов, писараш дар охирин суҳбаташ 4 моҳ пеш гуфта буд "беш аз 100 зиндониро ҷудо карда, маҷбурӣ ба шаҳри Мариупол мефиристанд.”
Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи 10 нафар зиндонии тоҷик маълумот пайдо кардааст, ки ба ҷанг алайҳи Украина бурда шуда, кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Сарфи назар аз хабарҳо дар бораи фиристодани муҳоҷирон, аз ҷумла зиндониёни тоҷик аз Русия ба Украина, мақомоти Тоҷикистон дар ин бора зиёд суҳбат намекунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зиндониён дар Русия тавассути гуруҳи хусусӣ ва низомии “Вагнер” ба ҷанги Украина интиқол меёбанд. Роҳбари гурӯҳи “Вагнер” гуфт, зиндониён баъди ним соли ҷанг дар Украина аз идомаи ҷазо озод мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ қаблан гуфта буданд, ки аз нигоҳи қонунӣ, масъалаи афви ин гуна маҳбусон пурра ҳал нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Падар мунтазири тобути Мақсад. Тоҷики дигари зиндонӣ дар Бахмут кушта шуд. ВИДЕО"Гуфтанд, аз Русия берун наравем, мунтазири занг бимонем" ВИДЕО"Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?"Дар пой, даст ва синааш захм дошт." Ҳалокати як сокини Ҳисор дар ҷанги Украина. ВИДЕО"Дар Русия зиндонӣ буд, дар Украина кушта шуд." Дафни ду муҳоҷири тоҷик. ВИДЕО