Эътирофи муассиси "Вагнер" ва иддаои Украина дар бораи талафоти Русия

Владимир Путин ва Евгений Пригожин. Коллаж

Артиши Украина рӯзи 11-уми феврал иддао кард, ки Русия дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар беш аз 1100 нерӯяшро аз даст дод.

Муассиси гуруҳи хусусӣ ва низомии "Вагнер" эътироф кард, ки нерӯҳои Русия дар Бахмут бо муқовимати шадиди нерӯҳои украинӣ рӯбарӯ ҳастанд, аммо омор наовард.

Изҳороти Евгений Пригожин рӯзи 10-уми феврал садо дод.

Мақомоти Украина мегӯянд, ҳамлаи Русия дар шарқи ин кишвар ҳамчунон идома дорад. Киев ба ин назар аст, ки раисҷумҳури Русия мехоҳад, пеш аз солгарди ҳамлаи беасосаш дар рӯзи 24-уми феврал дар майдони ҷанг комёбӣ ба даст биорад.

Қарор аст, Владимир Путин паёми солонаи ба таъхир гузоштаи худро ба порлумон рӯзи 21-уми феврал ироа кунад.

Евгений Пригожин дар мусоҳиба бо хабарнигори низомии Русия гуфтааст, нерӯҳои Русия бояд Бахмутро, ки макони даргириҳои шадиди ҳафтаҳои охир аст, ба даст бигиранд. "Бахмут зарур аст, то нерӯҳои мо бемалол кор кунанд," – афзудааст ӯ.

Пригожин, сарватманди наздик ба Кремлин, дар замони Шӯравии собиқ 9 солро дар зиндон гузарондааст. "Вагнер", гурӯҳи зери раҳбарии ӯ, дар тобистони соли 2022 ба ҷалби маҳбусон ба ҷанг дар Украина оғоз кард.

Ба зиндониён пешниҳод шудааст, агар ним сол дар Украина биҷанганду зинда бимонанд, афв хоҳанд шуд.

То ин дам камаш тобути шаш шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро аз Русия ба Душанбе фиристодаанд. Пайвандонашон гуфтанд, онҳо бо шарти раҳоӣ ба майдони даргирӣ дар Украина бурда шуданд, вале зинда намонданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Падар мунтазири тобути Мақсад. Тоҷики дигари зиндонӣ дар Бахмут кушта шуд. ВИДЕО

Гурӯҳи "Вагнер" рӯзи 9-уми феврал эълон кард, ки ҷалби зиндониёнро ба ҷанг дар Украина бас кардааст.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 10-уми феврал дар гузорише гуфт, нерӯҳои "Вангер" аз ҳафтуми феврал ба ин сӯ дар шимоли Бахмут "аз ду то се километр пеш рафтанд". Аммо, ба иттилои манбаъ, ин дастоварди хурди Русия бо нархи гарон ба даст омад. Аз ҷумла, ҳадди ақал 30 мошини зиреҳпӯши Русия дар як ҳамла нобуд карда шуданд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 11-уми феврал гуфт, дар 24 соати гузашта зиёда аз 1100 низомии Русия кушта шуданд.

Инчунин, 9 тонк ва 3 мошини зиреҳпӯш аз байн рафтанд. Тасдиқи хабар аз манобеи дигар ғайриимкон аст. Русия теъдоди воқеии қурбониён ва зиёни расидаро фош намекунад.

Нашрияи "Ню-Йорк Таймс" бо истинод ба мақомоти баландпояи амрикоӣ рӯзи 2-юми феврал навишт, ки задухӯрдҳо дар атрофи Бахмут талафоти нерӯҳои Русияро бештар кардааст.