Бастаи ёриҳои байнулмилалӣ рӯзи 11-уми феврал ба бахшҳое аз Туркия ва Сурия ворид шуд.
Ҷое, ки бар асари заминларзаи шадид беш аз 24 ҳазор кас ҷон бохта, ҷустуҷӯйи одамон дар зери вайронаҳо идома дорад. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал рӯй дод.
Сармои шадид кори наҷотбахшонро дар минтақаҳои офатзада сахт карда, ранҷу азоби миллионҳо нафарро, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд, бештар намудааст.
Дар пайи заминларза танҳо дар Сурия то 5,3 миллион нафар бесарпаноҳ мондаанд.
Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки камаш 870 ҳазор нафар дар Сурия ва Туркия фаврӣ ба ғизо ниёз доранд.