Ду тифлро аз зери вайронаҳои Туркия ва Сурия зинда ёфтанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Аз зери биноҳои фурӯрехта дар Туркия ва Сурия ду навзодро зинда ёфтанд. Навори берун овардани тифлон, ки чанд рӯз боз дар шабакаҳои ҷаҳонӣ мечархад, бисёриҳоро дар ҳайрат гузоштааст.

Яке аз ин навзодон зери шикастпораҳои як бинои аз заминларза фурӯрехта дар вилояти Ҳалаби Сурия ба дунё омадааст. Наҷотбахшон ӯро 10 соат пас аз зилзила пайдо карданд.

Духтар акнун ягона касест, ки аз як оилаи калон зинда мондааст. Модараш баъди таваллуди ӯ ҷон дод. Наҷотбахшон мегӯянд, навзодро замоне ёфтанд, ки ҳанӯз нофи ӯ бо модараш пайваст буд.

Халил Сувадӣ, бародарзодаи падари навзод, гуфтааст, ҳангоми ҷустуҷӯ дар зери харобаҳо садои кӯдакеро шуниданд ва аз пайи наҷоти ӯ шуданд. “Ҷасади волидони ӯро паҳлуи ҳамдигар пайдо кардем. Вақте ҷустуҷӯ мекардем, садои кӯдакро шунидем. Ҳанӯз нофаш бо модараш пайваст буд,” – афзуд ӯ.

Ҳоло навзод дар шифохонаи Африн зери назорати пизишкон аст. Ҳанӣ Маъруф, духтури кӯдакон дар Африн, мегӯяд, вазъи сиҳати навзод бад нест. “Тамоми баданаш пур аз доғу захм буд. Ӯ сахт сармо хурда буд. Ӯро гарм кардем ва доруҳои заруриро додем,” – илова кард пизишк.

Ба гуфтаи табибон, тифл дар зери вайронаҳо ва чанд соат пеш аз марги модар ба дунё омадааст. Онҳо ҳадс мезананд, ки агар кӯдак то замони заминларза ва фурӯ афтодани биноҳо таваллуд мешуд, эҳтимол зинда намемонд.

Наҷотбахшон дар вилояти Ҳатайи Туркия ҳам дар миёни даҳҳо ҷасад аз зери вайронаҳо як навзоди дигарро зинда ёфтанд. Субҳи 8-уми феврал ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯйи одамон дар зери харобаҳо ӯро зинда берун оварданд.

Заминларзаи сахте, ки рӯзи 6-уми феврал Туркия ва Сурияро такон дод, ҷони ҳазорҳо нафарро рабуд. Ҳазорҳо каси дигар дар зери харобаҳо мондаанд.

Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯйи одамон дар ду кишвар идома дорад.