Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Туркия эълон кард, ки шумораи қурбониёни зилзила дар ин кишвар ба 12 ҳазору 391 кас ва теъдоди захмиҳо ба 62 ҳазору 914 нафар расид. Дар Сурия аз кашфи 3042 ҷасад аз зери вайронаҳо хабар доданд. Шумори захмиҳои зилзила дар Сурия 5635 тан эълон шуд.
Ба ин тартиб, шумори умумии қурбониёни зилзилаи рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт. Бо таваҷҷуҳ ба харобиҳои зиёд, мушкили бартараф кардани вайрониҳо ва боронҳои сахту ҳавои сард, интизор меравад, шумораи қурбониён афзоиш ёбад.
Урсула вон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо дар оғози моҳи оянда нишастеро барои ҷамъоварии ёриҳои байнулмилалӣ барои Туркия ва Сурия баргузор хоҳад кард.
Дар ҳоле ки Сурия зери таҳримҳои байнулмилалӣ аст, ба қавли кумиссари идораи буҳронҳои Иттиҳоди Аврупо, Димишқ бори аввал аз ин иттиҳодия кумак хостааст.
Ҳамоҳангкунандаи СММ дар Сурия низ хоҳони фароҳам кардани шароити дастрасӣ ба минтақаҳои осебдида дар шимол-шарқи Сурия шуд, ки дар назорати мухолифони режими Башор Асад аст. Тақрибан ҳамаи кумакҳои башардӯстона барои мардуми зилзилазадаи ин минтақаи Сурия аз тариқи як гузаргоҳ аз Туркия фиристода мешаванд.
Ёриҳои байнулмилалӣ то кунун аз даҳҳо кишвар ба Туркия фиристода шудааст, аз ҷумла аз тарафи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ, Амрико, Чин, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс. Бо вуҷуди ҳамлаи бедалели Русия ва даргирии яксола, Украина 87 нерӯи имдодии худро ба Туркия ирсол кард.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи пайомадҳои зилзилаи охир дар Туркия ва Сурия ҳушдор дод, ки 23 миллион нафар, аз ҷумла ҳудуди панҷ миллион кас аз афроди осебпазир бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Бар асоси гузориши хабаргузории "Франс-Пресс", ба баъзе аз минтақаҳои осебдидаи Туркия то ба ҳол ҳеч кумаке нарасидааст.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки рӯзи чаҳоршанбе аз Ҳатай -- яке аз вилоятҳои зилзилазада дар наздикии марз бо Сурия боздид мекард, дар посух ба танқидҳо гуфт, "албатта, камбуд вуҷуд дорад. Ғайримумкин аст, ки барои чунин фоҷеае омода бошем."
Мунтақидони ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯянд, ки раванди кумакрасонӣ бисёр оҳиста буда, давлат аз омодагиҳои лозим барои чунин амалиёте бархурдор набудааст.