Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, муҳоҷирони корӣ дар Русия метавонанд, аз ин ба баъд нафақа бигиранд. Ба шарте, ки санадҳояшон дурусту расмӣ бошад ва ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд.
Ин кор пас аз имзои созишнома миёни Маскаву Душанбе имконпазир шуд. Баъзе аз сокинон, ки таҷрибаи кор дар Русия доранд, ба муваффақияту иҷрои санад ба шубҳа менигаранд. Намояндагони Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон бовар доранд, ки "ба фоидаи муҳоҷирон аст".
"Аз тарафи Русия ягон мушкил нест. Ғайр аз созишномаи асосӣ боз санадҳои дигар ҳаст ва Русия ҳамаашро қабул кард," – гуфт Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.
Вай рӯзи 7-уми феврал бо такя ба маълумоти ҷониби Русия гуфт, "аллакай гуруҳи нахустини муҳоҷирони тоҷик санадҳои худро барои дарёфти нафақа ба идораҳои Русия пешниҳод кардаанд". Рақами мушаххасеро ба забон наовард.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таъмини нафақаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия солҳо боз баҳс мешуд. Порлумонҳои ду кишвар моҳи апрели соли гузашта созишномаро имзо карданд. Яке аз талаботи асосӣ ин аст, ки шаҳрвандон собиқа ё пешинаи корӣ дошта, андози иҷтимоӣ дода бошанд.
Як пурсиши сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки сокинон дар бораи то куҷо муваффақ шудани ин тарҳ ё имкони дарёфти нафақа аз Русия назари яксон надоранд.
Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “тасмими хуб аст, зеро муҳоҷирон кор мекунанд, патент мехаранд ва хароҷоти дигар доранд. Агар нафақа гиранд, ба зиндагияшон мадад мешавад.”
Мусоҳиби дигар афзуд, “як бор аҳволи Русияро бинед, ҳеч бовар надорам, ки ба муҳоҷирон нафақа диҳад. Русия худаш ба сармоя ниёз дорад. Ғайр аз ин, маоши худамонро аз ширкатҳо гирифта наметавонем, аз куҷо нафақа медиҳанд?”
Солона садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кору даромад ба Русия мераванд. Дар гузашта баъзе аз онҳо шикоят доштанд, ки солҳо дар Русия кор карда, андоз (молиёт) додаанд, аммо аз нафақа маҳруманд. Ҳоло дар санад мушкил ҳал шудааст, вале оё дар амал ҳал шудааст ё не, ба зудӣ маълум мегардад.