Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқаи «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2023) дар Фаронса феҳристи нави варзишгаронро дар радабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ нашр кард.
Зимнан, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Paris Grand Slam 2023, ки рӯзҳои 4-5-уми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис - бо ширкати 545 варзишгар аз 84 кишвари панҷ қитъаи олам баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик иштирок накарданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Нидерланд (2-0-2) ҷойи дуюм ва мунтахаби Гурҷистон (2-0-1) ҷойи сеюмро гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол се варзишгари тоҷик – Темур Раҳимов, Эмомалӣ Нуралӣ ва Комроншоҳ Устопириён – аз рӯи имтиёзҳои дар мусобиқоти пешин бадастовардаашон дар феҳристи инфиродии олимпӣ ба минтақаи литсензионӣ барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса дохил шудаанд.
Темур Раҳимов дар вазни +100 кило бо 1740 имтиёз дар мақоми аввал аст. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило бо 615 имтиёз дар ҷойи 19-ум қарор дорад. Алъон ҳарду ба қатори соҳибони эҳтимолии роҳхатҳо ба Олимпиадаи Порис-2024 шомиланд.
Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни то 90 кило бо 512 имтиёз дар зинаи 23-юм ҷойгир шудааст, дар ҳамин ҳол бо ин натиҷа меъёри муқарраршудаи квотаи қитъавиро иҷро кардааст.
Мавқеи паҳлавонони тоҷик дар феҳристи инфиродии олимпӣ, ки ба минтақаи литсензионӣ барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 дохиланд:
-66 кг
1. Денис Виеру (Молдова) – 1936 имтиёз
19. Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон) – 615 имтиёз
-90 кг
1. Давлат Бобонов (Узбекистон) – 1674 имтиёз
23. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон) – 512 имтиёз (квотаи қитъавӣ)
+100 кг
1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – 1740 имтиёз
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рӯзҳои 11-12-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни бузургсолон баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишгарон ва дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати шомил шудан ба дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон доир мегардад, 250 варзишгар (230 мард ва 20 зан) дар ҳайати ҳафт даста аз ҳамаи манотиқи кишвар иштирок хоҳанд кард.
Инчунин ба ин мусобиқа ба ҳайси меҳмони фахрӣ паҳлавони номдори тоҷик, барандаи медалҳои биринҷии олимпӣ ва қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон Расул Боқиев, ки дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад, даъват шудааст.