Боз як зиндонии тоҷик дар Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст. Пайвандони Мақсад Қурбонов аз ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ӯ дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Архангелск буд, аммо ду рӯз пеш хабари маргаш аз Бахмут расид. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар намекунанд.
“Гуфтанд, ҳуҷҷат мекунем, ҷасадро мефиристем”
Як занги телефонӣ аз Русия манзили Файзулло Қурбоновро дар деҳаи Мадади ноҳияи Рӯдакӣ мотамхона кард. Шоми 4-уми феврал ба онҳо хабар додаанд, ки фарзанди 39-солаашон дар Украина кушта шуд. Мақсад Қурбонов ҳашт соли охир дар Русия зиндонӣ буд. Аз ӯ чаҳор фарзанд монд.
Файзулло Қурбонов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ӯ пурсидаанд, оё мехоҳад писарашро дар Русия дафн кунанд ё ба Тоҷикистон фиристанд.
“Гуфтам, фиристед, худамон дафн мекунем. Аз Русия гуфтанд, ин вазифаи мост, ҳамаашро ҳуҷҷат мекунем ва ҷасадро мефиристем,” – нақл кард ӯ.
Пайвандони Мақсад Қурбонов дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, шахсоне, ки хабари марги ҷавонро доданд, аз онҳо дар бораи гуруҳи “Вагнер” ҳам пурсиданд. Ин гуруҳи амниятии наздик ба Кремл ба ҷалби зархаридон, аз ҷумла аз ҳисоби маҳбусон, ба ҷанги Украина машғул аст.
Ба пайвандони Мақсуд Қурбонов гуфтаанд, ин ҷавон дар шаҳри Артемовск (Бахмут)-и Украина кушта шудааст. Ду ҳафта пеш як ҷавони дигари тоҷик, ки дар Русия зиндонӣ буд, дар ҳамин шаҳр кушта шуд.
Дар назар аст, ҷасади Мақсад Қурбонов ба зудӣ ба Тоҷикистон оварда шавад. Наздиконаш мегӯянд, Қурбонов пас аз 8 сол зиндон бояд ба наздикӣ озод мешуд.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ба Мариупол мебаранд”
Бори ахир моҳи октябри соли гузашта бо падараш телефонӣ суҳбат кардааст. Ба нақли Файзулло Қурбонов, дар писараш он суҳбат гуфтааст, онҳоро барои кор ба шаҳри Мариупол мебаранд.
“Пурсидам, ихтиёрӣ мебаранд ё маҷбурӣ? Писарам гуфт, маҷбурӣ беш аз 100 нафарро ҷудо карда, ба шаҳри Мариупол мефиристанд. Гуфт, агар ба онҷо рафтему иртибот нашуд, хавотир нашавед. Ин суҳбати охирини мо буд,” -- афзуд ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ.
Падари Мақсад Қурбонов даъват дорад, ки фиристодани зиндониёни тоҷик аз Русия ба ҷанги Украина бас шавад. “Ҳар рӯз ба сари халқи тоҷик ин хел мусибат наояд,” – гуфт ӯ.
Ҳоло дақиқ нест, чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия ба мисли Мақсад Қурбонов дар ҷанги зидди Украина иштирок доранд ва чӣ қадари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти Русия ҳеч иттилоъ намедиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон низ масъаларо шарҳ надодааст.