“Феълан шароит барои духтарон дар Афғонистон бисёр сахт шудааст. Хеле ноумедкунанда аст.” Ин духтари ноумед, Хадича Акбарӣ муҳассили соли чаҳоруми факултаи тиббии Донишгоҳи Ҳирот аст, ки пас аз бастани дарҳои донишгоҳ ба рӯи духтарон мушкилоти равонӣ пайдо кардааст.
Хадичаи 22-сола мегӯяд, баъди амри Толибон барои бастани дари донишгоҳҳо ба рӯи духтарон, тамоми орзуҳояш барбод рафтаанд ва умеде ҳам дар дил надорад. Хадича ба сабаби фишорҳои равонии зиёд ба назди равоншинос меравад.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳолам бисёр бад шуд, он қадар бад шуд, ки шабҳо кобус медидам. Оилаамон маҷбур шуд, маро пеши равоншинос бифристад. Ҳафт-ҳашт ҷаласа аст, ки пеши равоншинос меравам. Ҳар боре, ки меравам, ба ман рӯҳия медиҳад, каме ҳолам беҳтар мешавад.”
Мужда Азимии 22-сола муҳассили соли чаҳоруми факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Ҳирот аст. Ӯ ҳам айни Хадича аҳволи бади равонӣ дорад ва азоб мекашад. Ӯ мегӯяд: “Ин ташвишҳо кам-кам сабаб мешавад, шабҳо хобамон набарад. Тарс аз онки дар оянда дар дохили Афғонистон чӣ мешавад. Орзуҳое, ки ҳар духтар дорад, ки мустақил бишавад, чӣ мешавад. Фикри онки 22 соли умрат барҳадар рафтааст, азоб медиҳад."
Рӯзона то 100 бемори гирифтори ихтилолоти равонӣ ба бахши сиҳатии равонии Шифохонаи вилоятии Ҳирот муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи Қадим Муҳаммадӣ, масъули ин бахш, аксарияти муроҷеон духтарону занон ҳастанд. Ӯ мегӯяд, баъди онки Толибон дари донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон бастанд ва занонро аз ҳаққи кор дар муассисаҳои ғайриҳукуматӣ маҳрум карданд, муроҷиатҳои занону духтарон ба бахши сиҳати равонӣ афзоиш ёфтааст.
"Аз се ду ҳиссаи онҳоро хонумон ташкил медиҳанд"
Қадим Муҳаммадӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Баста шудани марокизи таълимӣ, таҳсили олӣ ва макотиб, таъсироти баде бар равони ҳама мардум мегузорад. Ба равони волидайн мегузорад. Волидайн масъуланд ғаме бихӯранд, коре бикунанд. Дар ҳамин ду моҳ ба ҳадде муроҷеони мо зиёд шуда буд, ки аз 400 зиёд шудааст. Мутаасифона аз се ду ҳиссаи онҳоро хонумон ташкил медиҳанд.”
Ба бовари баъзе аз равоншиносон бар замми маҳрум шудани занону духтарон аз ҳаққи таҳсилу кор, мунзавӣ шудан ва диди манфии ҷомеа ба онҳо, бонувонро ба ихтилолоти равонӣ дучор сохтааст. Ҷовид Мухтор, равоншинос аз шаҳри Ҳирот мегӯяд, идомаи ин вазъ фоҷиабор аст:
“Вақте мебинад, ки кору вазифа надорад, равони ӯ таҳти таъсир қарор мегирад. Вақте равонаш таҳти таъсир қарор мегирад, дигар дучори ихтилолот (халалҳои) равонӣ мешавад. Муроҷеони мо ҳам ҳоло бештараш занону духтаронанд, ки вазъи иқтисодиашон ҳам бад шудааст.”
Бо гузашти чандин ҳафта аз бастани дари донишгоҳҳо ба рӯи духтарон ва манъи кори занон дар муассисаҳои дохиливу хориҷӣ вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ин фармони Толибони ифротӣ ҳамчунон идома дорад.
Панҷшанбеи гузашта Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал хоҳони судури қатъномае дар Шӯрои амният дар баробари фармони Толибон шуд. Ӯ гуфтааст, ҳамлаи пайвастаи Толибон ба ҳуқуқи занону духтарони афғон нақзи қавонини байналмилалӣ аст.
Рӯзи ҷумъаи гузашта аъзои Шӯрои Амният аз маҳдудиятҳо бар кору омӯзиши духтарону занони афғон ибрози нигаронӣ карданд ва аз Толибон хостанд, ки ин маҳдудиятҳоро аз миён бардоранд. Дар ин авзои пурошӯб духтарони маҳрум аз таҳсилу кор мисли Хадича худро дар миёни кобусе мебинанд, ки наҷот аз он як рӯъё аст.