Зеленский гуфт, Русия дар фикри тағйири самти ҷанг аст

Владимир Зеленский

Низомиёни Украина рӯзи 3-юми феврал гуфтанд, бо вуҷуди талафоти зиёд, артиши Русия фишорашро дар чанд минтақаи Донетск идома медиҳад ва ҳамзамон ба ҳуҷумҳои нав дар шарқ омода мешавад.

Бино ба гузориши Ситоди кулли нерӯҳои Украина, ҳамлаҳои Русия асосан дар Лиман, Бахмут, Авдеевка ва Новопавливска ҷараён дорад.

Дар айни замон, ба навиштаи Ситод, ҳамлаҳои Русия ба иншооти ғайринизомӣ ва зербунёдҳо боис ба кушта шудани сокинони одӣ мешавад.

Низомиёни украинӣ мегӯянд, “Русия аз нияти хароб кардани зербиноҳои муҳими давлати мо даст накашидааст ва зарбаҳояшро ба ҳадафҳои мулкиву хонаҳои мардум идома медиҳад.”

“Дар давоми як рӯзи гузашта душман чор ҳамлаи мушакӣ ва панҷ ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Ду мушак ба зербиноҳои мулкӣ дар Краматорск ва Донетск расид,” – афзудаанд онҳо.

Рӯзи 1-уми феврал ҳамингуна як ҳамлаи мушакӣ ба манзили бисёртабақае дар Краматорск камаш панҷ нафарро кушт.

Низомиёни Украина мегӯянд, дар Херсон ва Миколаев ҳам ҳамлаҳои мушакӣ болои ҳадафҳои мулкӣ идома ёфт ва дар натиҷаи “ҳуҷумҳои душман шаҳрвандони мулкӣ куштаву захмӣ шуданд”.

Артиши Русия ҳамоно пойфишорӣ мекунад, ки ҳамлаҳо “ба хотири нобуд кардани таҷҳизоти низомии Украина” зарур аст. Маскав ҳар гуна ҳамлаҳоро ба ҳадафҳои мулкӣ рад мекунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар изҳороте шоми 2-юми феврал гуфт, ҳарчанд “аз лиҳози стратегӣ мағлубияти Русия рӯшан аст”, Маскав ҳанӯз ҳам барои ҳуҷумҳои навбатӣ захира дорад.

Ӯ афзуд, низомиёни Русия “дар фикри тағйири самти ҷанг ҳастанд” ва “имкониятҳои истифодаи қаламравҳои ҳоло зери назораташонро дар ҳуҷумҳои баъдиашон андеша доранд”.

“Мо бояд кори худро идома диҳем: тобоварии худро тақвият бидиҳем ва дар таъмини артиш ва ҳомиёнамон бо силоҳ ва муҳимот муттаҳид бошем,” – илова кард Зеленский. Ба қавли ӯ, украиниҳо бояд дар масъалаҳои дастрасӣ ба муҳимоти дифоӣ бояд бо як забон ҳарф зананд ва фишори ҷаҳониро ба Русия афзоиш диҳанд.

Украина ҳафтаи гузашта аз Амрико ва Олмон ваъда гирифт, ки артишашро бо тонкҳо таъмин мекунанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 2-юми феврал дар суханронӣ ба муносибати 80-солагии пирӯзии артиши Шӯравӣ дар муҳорибаҳои Сталинград дар ин бора гап зад. Ӯ гуфт, Русия барои тонкҳо, ба вижа “Леопард”-ҳои олмонӣ чӣ ҷавоб доданашро медонад ва тонкҳо охири кор нест.

Хабаргузории расмии “Интерфакс” ба дар нақл аз Путин навишт, Русияро мисле, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳдид карда буданд, ин дафъа низ бо тонкҳо тарс доданӣ ҳастанд. “Мо ба сарҳадҳои онҳо тонк намефиристем, - гуфт Путин. – Вале мо барои посух додан чизе дорем ва манзур танҳо истифодаи мошинҳои мусаллаҳ нест. Ҳар кас бояд инро дарк кунад.”