Мансабдори тоҷик гуфт, ки чаро тухми мурғ гарон шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бо гузашти се моҳ аз афзоиши бесобиқаи нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон, масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби онро ба куштани мурғҳои зиёд пайванд доданд. Пештар намояндагони Вазорати кишоварзӣ сабабро гаронии нархи хӯроки паранда гуфтанд.