Юсуф Абдусаломов сармураббии мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон шуд

Юсуф Абдусаломов.

Юсуф Абдусаломов, паҳлавони маъруфи доғистонӣ, ки соли 2008 медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекинро барои Тоҷикистон оварда буд, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон таъйин шуд.

Федератсияи гуштии Тоҷикистон бо ин мураббии 45-сола то моҳи сентябри соли 2024 шартнома баст. Юсуф Абдусаломов дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистонро ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса омода хоҳад кард.

Ба гуфтаи Юсуф Абдусаломов ӯро раиси нави Федератсияи гуштини Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода барои кор ба Душанбе даъват намудааст. Зимнан, генерал-майори милитсия Машрабзода, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД 11-уми ноябри соли гузашта раиси Федератсияи гуштини Тоҷикистон интихоб шуд.

Гуштии варзишӣ, ки аз гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ иборат аст, намуди олимпии варзиш ба шумор меравад. Вале варзишгарони тоҷик дар ин намуд натавонистанд ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат бигиранд. Пас аз он ки Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин-2008 барандаи медали нуқра шуд, дигар касе аз Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод медали олимпӣ ба даст наовардааст.

Юсуф Абдусаломов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон гуштигирони боистеъдод хело зиёданд ва умедвор аст, бархе аз онҳо, метавонанд қуллаҳои баландро фатҳ кунанд.

“Дар Тоҷикистон намудҳои дастаиро рушд додан мушкил аст. Ва аммо ба гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, ҷудо, бокс таваҷҷуҳи мақомот бояд зиёд бошад, зеро ки аз ин намудҳо метавон ба натиҷаҳои баланд ноил шуд”, - гуфт Юсуф Абдусаломов.

Маълумотнома

Юсуф Абдусаломов 8-уми ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шудааст. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хатм кардааст.
Аз соли 2002 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд ва се бор дар Бозиҳои олимпӣ ҳамчун варзишгар ширкат кардааст. Соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардид.
Ӯ ҳамчунин барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ (соли 2002), қаҳрамони Осиё дар Ню-Деҳлии Ҳиндустон (2003), ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003), барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку (2007), барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (2008, 2012), ғолиби мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012) мебошад.
Устоди шоистаи варзиш Юсуф Абдусаломов соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I - сарфароз гардидааст.
Фаъолияти варзишиашро соли 2012 анҷом дод. Аз соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон оид ба гуштии озод буд. Аз охири соли гузашта ӯ ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Руминия кор кардааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд – 3 духтару 1 писар.