Дар корхонаҳои саноатӣ ва истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон 25 кас ҷон бохта, 46 нафар маҷруҳ шудаанд.
Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат, гуфт, ин ҳодисаҳоро дар соли 2022 сабт карданд ва дар муқоиса ба 2021 андаке "бештар аст".
"Ҳодисаҳои нохуш ба сабаби бемасъулиятии муҳандисон, беаҳамиятии ҷабрдидаҳо, риоя накардани технологияҳои коркарди кон ва надоштани мутахассисон сар задааст," – шарҳ дод ӯ рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.
Радиои Озодӣ рӯйхати корхонаҳоеро, ки меъёри бехатариро дар маҳалли кор вайрон кардаанд, дастрас намуд. Дар феҳраст аз ҳама бештар дар ширкату корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин ҳодисаҳои нохуш рӯй додааст.
Санъат Раҳим низ дар суҳбаташ аз "Зарафшон" (корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин), Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой, Гурӯҳи илмӣ-техникии Ҳуайе Хитой дар Тоҷикистон, ТГЭМ, "Анзоб", "Талко Голд", "Оби шифобахш" ва ширкати "Ориён нафт" ном гирифт.
Ба иттилои расмӣ, соли гузашта барои нақзи қоидаҳои бехатарӣ 297 мансабдору шахсони воқеиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, беш аз як миллион сомонӣ товон бастаанд.
Раиси Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат мегӯяд, "ҳар соҳибкор мекӯшад, бо кормандаш пинҳонӣ маслиҳат кунад ва аз мо пинҳон дорад. Аз ҷавобгарӣ гурехтан мехоҳанд."
Ҳарчанд намояндагони хадамот дар рух додани ҳодисаҳои нохуш баъзан сокинонро гунаҳкор мекунанд, дар гузашта ҷабрдидаҳо аз чашмпӯшии мақомот ба қонуншикании масъулони корхонаҳо шикоят доштанд.
Яке аз чунин намунаҳо қазияи ҷароҳат бардоштани Сиёвуш Акобиршоев аст. Вай моҳи феврали соли 2021 бар асари афтодани оҳанпорае аз бинои навсохти ширкати "Ёқут 2000" дар Душанбе аз чаҳор ангушти пой ва имкони озодона роҳ рафтан маҳрум шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баҳси Сиёвуш бо "Ёқут" поён ёфт. Муҳандис афв шуд, ҷуброни зарарро кӣ медиҳад? ВИДЕОБо вуҷуди талошҳояш ва додгоҳӣ кардани қазия, ба қавли наздиконаш, дар дарёфти ҷуброни зарар аз сӯи ширкат муваффақ нашуд. Ба ин қазия, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нигарониҳоеро ба миён гузошт, дар мақомоти додгоҳӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нагузоштаанд.