Содироти сабзавоти Тоҷикистон ба хориҷ маҳдуд шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Тоҷикистон содироти пиёзро ба хориҷа манъ ва содироти картошкаву сабзиро маҳдуд кардааст. Ин тасмим дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шуда, ба гуфтаи мақомот, "то муътадил гардидани бозор" давом мекунад.