Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси баларусӣ, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия бозии дувуми санҷишӣ баргузор кард.
Рақиби футболбозони ҷавони тоҷик бошгоҳи «Бухоро»-и шаҳри Бухоро буд, ки дар Суперлигаи Узбекистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов, дастпарвари футболи тоҷик, ҳунарнамоӣ мекунад.
Бозии санҷишӣ, ки 27-уми январ дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»-и Сиде баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи «Бухоро» анҷом ёфт. Голи ягонаро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Суннатулло Азизов зад.
Қаблан дар доираи ин ҷамъомад аввалин бозии санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик 23-юми январ дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ» бо мунтахаби ҷавонони Ироқ (U-20) бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфта буд.
То охири ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) боз панҷ бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бозиҳои санҷишӣ
Тоҷикистон (U-20) – Ироқ (U-20) – 0:0
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Суҳробхуҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов, Алиҷони Айнӣ, Салам Ашӯрмамадов, Ҳамадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода.
23-юми январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Закӣ Демирчӣ».
Тоҷикистон (U-20) – «Бухоро» (Узбекистон) – 1:3
Голи Тоҷикистон: Суннатулло Азизов.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Суҳробхуҷа Юсупов, Асадбек Зиёзода, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов, Кабир Салимшоев, Салоҳиддин Эргашев, Ҳамадонӣ Камолов, Фаридун Давлатов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода.
27-уми январ. Сиде, Туркия. Маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ».