Посухҳои норӯшани вазир
Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми нишасти хабарӣ аз вазири энергетика пурсид, ки чаро бо вуҷуди дастури раиси ҷумҳур дар бораи таъмини сокинон бо барқ то ҳол сокинони минтақаҳо шабона аз барқ маҳруманд?
Далер Ҷумъа ба таври умумӣ посух дод, ки "дар рӯзҳои сардӣ низоми энергетикии кишвар тавонист, мардумро пурра бо барқ таъмин кунад". Сокинони минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, баъд аз дастури раиси ҷумҳур танҳо 10 шабонарӯз барқ гирифтанд, вале "лимит" дубора бозгашт. Ба гуфтаи сокинон, шабона аз соати 10 то 5-и субҳ барқ надоранд.
Видео: Шикояти сокинон аз камбуди барқ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Суҳроби Зиё, хабарнигори телевизиони форсии BBC ин пурсишро матраҳ кард, ки “мудирияти номуассири фурӯши барқ ва фасоди молӣ дар арсаи фурӯши барқ мумкин аст аз ҷумлаи омилҳое бошад", ки масъалаи камбуди барқро ба миён овардааст. Ин пурсиши хабарнигор пас аз он буд, ки вазири энергетика аз тавлиди барқ дар кишвар тавсиф кард.
Посухи Далер Ҷумъа ба пурсиши хабарнигори BBC ҳам норӯшан буд ва ӯ аз тақсими “Барқи тоҷик” ба се ширкат ёдоварӣ кард. Ҳукумати Тоҷикистон бо тавсияи созмонҳои молии ҷаҳонӣ ширкати “Барқи тоҷик”-ро се тақсим кард. Бар асоси ин ислоҳот, ки ҳадафаш шаффофият гуфта мешавад, “Барқи тоҷик” танҳо ба тавлиди барқ машғул шуда, интиқол ва фурӯши ба уҳдаи ду ширкати дигар вогузор шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин тасмим барои низоми энержии кишвар чӣ беҳбуд овардааст, чун қарзи ширкати “Барқи тоҷик” зиёд мешавад.
Видео аз нишасти хабарӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Садама ва афзоиши талаботи барқ
Вазири энержии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи камбуди барқ дар кишвар ду далели дигарро пеш овард. Далер Ҷумъа гуфт, бо васеъ шудани иқтисоди кишвар талабот ба нерӯи барқ дар кишвар зиёд шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзҳои сардӣ, хароҷоти барқ шабонарӯз дар кишвар ба 81 млн. кВт/соат барқ расид, ки баландтарин нишондиҳанда дар низоми энержии кишвар аст.
Далер Ҷумъа дар шарҳи қатъи интиқоли барқ садамаҳоро ҳам зикр кард, вале нагуфт, ки дар рӯзҳои сардӣ дар кишвар чӣ қадар садамаҳо сабт шудааст: "Дар пеш рӯзҳои хунукӣ пешбинӣ шавад ва мо чораҳо андешида истодаем, ки чӣ бояд кард мисли гузашта мардумро дар рӯзҳои сардӣ бо барқ таъмин намоем."
Бо вуҷуди онки мақомот ҳозир нестанд, мавҷудияти лимит ё маҳдудиятро дар интиқоли барқ эътироф кунанд, сокинони минтақаҳо мегӯянд, ҳамоно шабона аз нерӯи барқ маҳруманд. Ба истиснои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз сӯи ширкати “Помир энержӣ” бо барқ таъмин мешаванд, сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз набудани барқ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон шикоят мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз чор ҳадафи стратегии худ эълон кардааст. Бо вуҷуди бунёди даҳҳо неругоҳҳо сокинон то ҳол дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз нарасидани барқ шикоят мекунанд.