Паҳлавонони тоҷик дар Grand Prix Portugal 2023 бе медал монданд

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони маъруфи тоҷик.

Паҳлавонони тоҷик дар аввалин мусобиқаи имсолаи байналмилалии "фаслҳои ҷудои ҷаҳонӣ" - Grand Prix Portugal 2023, ки рӯзҳои 27-29-уми январ дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, натавонистанд медал бигиранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар рақобатҳо миёни мардон ҳафт варзишгар - Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) – бо роҳбарии Тамура Тори, мутахассиси ҷопонӣ, намояндагӣ карданд.

Аз байни онҳо танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов натиҷаи хубтар нишон дод. Вай, ки дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Самӣ Чоучӣ (Белгия) ғолиб шуд. Баъдан Адам Борчашвилиро аз Австрия мағлуб карда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале Ҷаҳонгир дар даври чорякниҳоӣ аз Кристиан Тот (Маҷористон) шикаст хӯрд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Аксел Клержет (Фаронса) бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Обид Ҷебов (-66 кг) баъди ду пирӯзӣ бар Нуно Мартинс (Португалия) ва Мартин Гаитеро (Испания), дар даври севум аз Сардор Раҳимови 18-солаи туркман мағлуб шуд.

Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) баъди ғалаба бар Филипп Абел Метеллюс (Ҳаити), дар даври баъдӣ аз Самуэл Гасснер (Австрия) шикаст хӯрд.

Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) пас аз ду пирӯзӣ бар Мануэл Родригес (Португалия) ва Аскарбӣ Гербеков (Баҳрайн), дар даври севум қувваозмоиро ба Геворг Манукян (Украина) бохт.

Се нафари дигар дар нахустин рақобати худ ноком шуданд. Шодмон Ризоев (-81 кг) аз Заур Двалашвили (Гурҷистон), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) аз Ҷованни Феррейра (Бразилия) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) аз Ҷур Спиҷкерс (Нидерланд) шикаст хӯрданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Португалия 544 варзишгар (317 мард ва 227 зан) аз 81 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок кард.

Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал, мукофоти молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум - 3000 евро, барои ҷойи 2-юм - 2000 евро, барои ҷойҳои 3-юм - 1000-евроӣ.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ гардиданд.

Дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 6 медал (4 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Португалия бо касби 2 медали тило ва як нуқра дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 2 медали тило севум шуданд. Дастаи Тоҷикистон бо як мақоми ҳафтум дар ҷойи 31-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, дар Grand Prix Portugal 2022, ки соли гузашта дар шаҳри Алмадаи Португалия баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа ягона варзишгар аз Тоҷикистон буд.