Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Русия ибрози нигаронӣ мекунанд, ки ширкати хусусии низомӣ, маъруф ба номи "Вагнер", ба таври густурда маҳбусонро дар ҷанги Украина истифода мебарад. Қасри Сафед тасдиқ кардааст, ки дар байни 40 ҳазор маҳбуси сафарбаршуда ба сафи "Вагнер" шумораи қурбониҳо хеле бузург аст.
Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Амрико, гуфт, "шумораи қурбониҳо дар байни маҳбусон фавқулода баланд аст. Ба фикри мо, амалан 90 дарсади қурбониҳо маҳбусон будаанд."
Маскав чунин оморро намепазирад, аммо рӯшан аст, ки шумораи маҳбусони фавтида дар ҷанги Украина бузург аст. Мансабдорони украинӣ тахмин мекунанд, ки аз байни 38 ҳазор маҳбус, ки Русия ба ҷанги Украина сафарбар кардааст, наздик ба 77 дарсади онҳо фавтида, захмӣ шуда, асир афтода ва ё беному нишон гаштаанд.
"Онҳоро барои мурдан мефиристанд," -- мегӯяд Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Амрико.
"Мисли давраи Сталин"
Русия исрор меварзад, ки нерӯҳояш дар ҷабҳа дастоварди назаррас доранд, вале коршиносон бар ин назаранд, ки Кремл наметавонад сарнавишти талхи маҳбусони сафарбаршударо ба “Гурӯҳи Вагнер” пинҳон дорад.
Юрий Бутусов, рӯзноманигори ҳарбии украинӣ, дар суҳбат бо Садои Амрико гуфт, моҳи гузашта ҳар рӯз дар ҷангҳои атрофи шаҳри Соледар садҳо сарбози Русия кушта мешуд, ки тақрибан ҳамаашон маҳбус буданд. "Бо ҳадафи ҳамла ба нуқтаҳои оташи Украина душман баталйонҳои маҳбусонро истифода мебарад. Ин чизи нав нест. Дар давраи Сталин ҳам онҳоро истифода мебурданд," -- афзуд ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ баталйонҳои маҳбусони ГУЛАГ бидуни кадом силоҳу таҳҷизоти ҷиддӣ ба нуқтаҳои таҳкимёфтаи оташ фиристода мешуданд.
Ба қавли Бутусов, дар баъзе ҳолатҳо Русия маҳбусонро бо силоҳи сабук ба муқобили тӯпхонаи вазнини Украина мефиристад: "Вақте нерӯҳои украинӣ ин маҳбусонро ҳадафи оташ қарор медиҳанд, фармондеҳони рус мавқеъҳои тӯпхонаи украиниҳоро муайян мекунанд."
Шартнома: Пул ё озодӣ?
Ҳомии ҳуқуқи маҳбусон дар Русия Олга Романова мегӯяд, маҳбусон одатан шартномаи шашмоҳа баста, барои ҳар моҳи ҷанг баробар ба 3 ҳазор доллари амрикоӣ касб мекунанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, "сабаби асосӣ ин аст, ки онҳо мехоҳанд озод бошанд."
Романова афзуд, то кунун аз даҳҳо ҳазор маҳбуси сафарбаршуда аз тарафи раҳбари “Гурӯҳи Вагнер”-Евгений Пригожин ҳамагӣ 106 маҳбус озод ва ба хона баргаштааст.
"Дар охири соли гузашта хоҳиши хидмат дар “Гурӯҳи Вагнер” дар байни маҳбусон коҳиш ёфт, зеро аввалан, кушторҳои бидуни муҳокима, сониян, ваъдаҳои иҷронашуда ва сеюм, шумораи бузурги қурбониҳо ба ин сабаб шуд," -- илова кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Романова бовар дорад, ки Кремл истифодаи маҳбусон дар татбиқи нақшаҳои геополитикиашро давом медиҳад: “Пригожин боз 20 то 30 ҳазор маҳбусро аз зиндонҳо ба ҷанг мебараду баъд мақомот сафарбарии расмӣ ба артиш эълон мекунанд."
Президенти Русия Владимир Путин дар моҳи ноябри соли гузашта бо имзои санаде ба басиҷи маҳкумшудаҳое, ки ҳукмашон иҷро нашудааст ва ё вақти ҳукмашон гузаштааст, иҷозат дод. Ҳамин тавр, чорчӯби васеътаре барои даъвати маҳбусони бештар ба ҷанг бунёд шуд.